ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ ИНКИШОФИ БОСУБОТ

66

Истиқлолияти сиёсӣ падидаи муҳимтарин ва асосии рушди давлати миллии Тоҷикистон буда, дар раванди дарёфти мақоми кишвар дар низоми ҷаҳонӣ мақоми асосиро касб менамояд. Пажӯҳиши масъалаҳои истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон дар рушду таҳкими он нақши муассир доранд. Ҳадафу мақсадро тадқиқи масъалаҳои асосӣ ва рӯзмарраи истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон ташкил менамояд.

Солҳои охир дар инкишофи илмҳои сиёсӣ гардиши сифатие ба миён омадааст, ки таҳлилҳои воқеии илмиро дар байни муҳаққиқон тақозо менамояд. Ташаккул ва инкишофи равандҳои сиёсии ҷомеа талаби онро дорад, ки ба аломатҳои асосии инкишофи давлатдории миллии Тоҷикистон муносибати мушаххас пеша карда шавад. Ҷаҳони муосир равандҳои глобаликунонӣ ва интегратсиониро рушд дода, акторҳои сиёсати байналхалқиро бар он равона месозад, ки стратегияи инкишофи сиёсати дохилӣ ва хориҷиро вобаста ба махсусиятҳои олами навин муайян намоянд. Арзишҳои хосаи олами навин муносибатҳои пешинаро, аз ҷумла, давлати миллиро ҳамчун таркиботи архаистӣ маънидод намуда, рушди минбаъдаи онро хилофи инкишофи олами глобалӣ медонад. Дар шароити имрӯза аломатҳои давлати миллӣ, бахусус, истиқлолияти миллӣ, моликияти миллӣ бо сифати объекти муқовимату мухолифатҳо шинохта шудаанд. Я. Тинберген бар он андеша аст, ки дар давраҳои наздиктарин истиқлолияти миллӣ дар зери нуфузи созмонҳои байналхалқӣ қарор мегирад. Дар кадом сурате набошад ӯ принсипи истиқлолияти миллиро инкор сохта, ба ҷои он истиқлолияти сайёравиро ҷонибдорӣ намуда, назорати онро тариқи фаъолияти институтҳои байналхалқӣ воқеӣ мегардонад. Муҳаққиқи дигари масъалаҳои глобалӣ А. Долмен бошад дар чунин мавқеъ қарор дорад. Ӯ иброз медорад, ки манбаи тамоми зиддиятҳо ва муқовиматҳо дар байни халқҳо ва давлатҳо низоми моликияти миллӣ баромад менамояд. [Зокиров Г.Н. Истиқлолияти сиёсӣ. – Душанбе, 2006. С.48]

Давлатҳои миллӣ новобаста аз сатҳи тараққиёт ва эҳтимолияти пешрафт дар доираи арзишҳои олами навин инкишоф меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи чунин муносибатҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хешро меҷӯяд.

 Таҳким ва такмили истиқлолияти сиёсӣ ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷомеаи иҷтимоӣ, демократӣ ва маданӣ ҳалли як қатор вазифаҳои муҳимро зарур мешуморад. Масъалаҳое, ки аҳамияти махсус пайдо намудаанд, муайян намудани самтҳо ва асоси инкишофи кишвар буда, таъмини рушди босуботро ба вуҷуд меорад.

Масъалаи муҳимми рушду пешомади давлати Тоҷикистонро дар шароити низоми муосир ин дарки манфиатҳои геополитикии кишвар ташкил медиҳад. Махсусият, ҳолати инкишофи глобалии олам заҳмати вазнини ҳимояи манфиатҳои геополитикии давлати миллиро тақозо дорад. Бахусус, дар назди давлатҳои тозаистиқлол вазифаҳои мураккаби пайдо намудан ва инкишофи мақоми геополитикӣ дар низоми муқовиматбори нави олам қарор гирифта, аз онҳо муносибати махсусро талаб дорад. Масъалаи мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бештар дошта, он раванди таҳкими истиқлолияти сиёсии давлатдории миллӣ ва афзал донистану дифои манфиатҳои онро талаб менамояд.

Дар ҳама давру замонҳо дар кишварҳои гуногуни олам барои дарёфти мақоми кишвар дар низоми сиёсии олам муҳаққиқон ва равшанфикрон ибрози назар намудаанд. Онҳо таълимот ва доктринаҳои гуногуне пайдо намуданд, ки мақоми геополитикии кишвар ва пешомади инкишофи онро ба макон ва замони муайян таҳрезӣ ва тавсиф намудаанд. Яъне муҳаққиқон бар он мекӯшанд, ки манфиатҳои давлати хешро мушаххасан муайян созанд ва дар тарҳрезии мақоми геополитикии он саҳм бигиранд. Доктринаҳои асосӣ ва консепсияҳои муосири геополитикӣ водор бар он менамоянд, ки дар як маврид – хушкӣ, дар мавриди дигар – баҳр ва дар ҳолати дигар – водии беканор, дар вазъияти дигар – бешазори бузург ва ғайра метавонад омили таъсирбахши рушди сиёсии мамлакатҳо ва минтақаҳо гарданд. [Зокиров Г.Н. Истиқлолияти сиёсӣ: масъалаҳо, зиддиятҳо ва ҳалли онҳо// Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявӣ. – Душанбе, 2011. С.187]

Дар шароити рушди геополитикии олами муосир барои Тоҷикистон пайдо намудани чунин омил ва тарғибу ташвиқи он ба таври барҷаста зарурат дорад. Дар геополитикаи миллӣ «Минтақаи кӯҳистон» ҳамчун доктринаи геополитикии инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми барҷастаро соҳиб гардидааст. Воқеан, он ҳам барои Тоҷикистони таърихӣ ва ҳам барои Тоҷикистони навин омили муҳими рушди геополитикӣ ба шумор меравад. Зеро он дорои хусусиятҳои гуногуне мебошад, ки мақоми геополитикии кишварро муаррифӣ менамояд ва тақвият мебахшад. [Зокиров Г.Н. «Минтақаи кӯҳистон» ҳамчун доктринаи геополитикии инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2017. с.4]

Минтақаи кӯҳистон дар геополитика ҳамчун омили инкишофи кишварҳо ва мақоми он дар инкишофи глобалӣ мавриди пажӯҳиши илмӣ қарор нагирифтааст. Аввалин маротиба онро чи дар геополитикаи миллӣ ва чи дар рушди донишҳои геополитикӣ муҳаққиқ Г.Н. Зокиров мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор додааст. Минтақаи кӯҳистон дар доираи соҳаҳои дигари донишҳо, аз ҷумла илмҳои дақќиқу табиатшиносӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Аммо дар шакли доктринаи сиёсӣ дар низоми муносибатҳои байни институтҳои асосии сиёсии ҷомеа мавриди таҳқиқи илмӣ қарор нагирифтааст. Танҳо онро дар чунин сатҳи дарки масъала Г.Н. Зокиров баён намудааст.

Зарурати омӯзиши доктринаи мазкур дар шароити ҳозираи инкишофи геополитикии Тоҷикистон аҳамияти бузургро пайдо намудааст. Фақат муҳаққиқонро зарур аст, ки онро дар доираи олами воқеӣ хуб дарк намоянд. Ба он муносибати шаклиро ихтиёрдор насозанд. Дарки дурусти минтақаи кӯҳистон ба сифати омили суботи сиёсӣ, ҳимоякунандаи манфиатҳои миллӣ баромад намуда, имконият медиҳад, ки чунин як умумияти бузурги иҷтимоии таърихан ташаккулёфта дар минтақа нуфӯз дошта бошад.

Ҳанӯз аз давраҳои аввали асрҳои миёна тоҷик дар заминҳои аҷдодии худ бегона буд. Тоҷикон дар зери ҳукуматҳои мухталиф ҳаёт ба сар бурдаанд. Империяҳои гуногун дар сарзамини тоҷикон ҳукм рондаанд. Ин ҳама омаданҳову рафтанҳо тоҷикро кӯҳистонӣ гардонда, нагузошт, ки тамаддуни миллӣ рушду инкишоф ёбад. Таъқиби ҳамешагӣ мардуми тоҷикро маҷбур сохт, ки маконҳои зисти ҳамешагии худро тарк намуда, ба минтақаҳои тангу касногузари кӯҳистон равад. Ҷойҳои ободу хуррам ва заминҳои ҳосилхезу минтақаҳои ҳамвору водиҳои беканорро монда, рӯ ба гурез орад ва бештар минтақаи кӯҳсорро макони зист қарор диҳад. [Зокиров Г.Н. Минтақаи кӯҳистон (Таҳқиқоти геополитикӣ). – Душанбе, 2016, с. 43]

Дар шароити низоми нави ҷаҳонӣ муносибати акторҳои сиёсати байналхалқӣ тағйирёбанда буда, низоми босуботи сиёсии оламро пайгирӣ намесозанд. Доктринаҳои мухталифи геополитикӣ инкишофи олами глобалиро таҳрезӣ намуда, рушди ояндаи инсониятро муайян месозанд. Чунин ҳолат хоси минтақаҳо низ мебошад.

Минтақаи Осиёи Марказӣ аз оғоз барои империяҳо ва давлатҳои бузург аҳамияти геополитикию геостратегӣ дошта, ҳар як давлати бузург кӯшиш менамояд, ки минтақаи мазкурро зери таъсири худ қарор дода, фазои сиёсии онро назорат намояд. Ҳам давлатҳои бузурги ҷаҳонӣ ва ҳам давлатҳои муқтадири минтақавӣ мехоҳанд дар минтақа мавқеъ гиранд ва таъсиргузор бошанд. Дар баробари Федератсияи Россия, ИМА боз Чин, Ҳиндустон, Эрон, Туркия ва ғайра дар Осиёси Марказӣ мехоҳанд қудратро дар даст дошта бошанд. Бо назардошти ин ба як қатор хусусиятҳои инкишофи геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ намуда, манфиатҳои давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва давлатҳои пурқудратро дар минтақа ва муносибатҳои байниҳамдигарии онҳоро дар нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди хулосагирӣ қарор диҳем.

Минтақаи Осиёи Марказӣ барои Россия ҳудуди бегона нест. Табиист, ки манфиатҳои геополитикии худро ба таври мунтазам ва барҷаста ҳимоя менамояд. Ҳузури Россия дар минтақа кафили сулҳу субот баҳогузорӣ мегардад. Федератсияи Россия ҳамчун давлати бузург наметавонад, ки Тоҷикистон ва минтақаи мазкурро аз манфиатҳои геополитикии худ берун созад. Иштироки Россия дар ҳаёти сиёсии минтақа муътадил буда, мухолифи манфиатҳои миллии давлатҳои минтақа ба таври ҳамешагӣ арзёбӣ намегардад. Тоҷикистон бо Россия пайвастагиҳои зиёд дорад.

Ҳузури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар минтақа аз манфиатҳои геополитикию геостратегиаш бармеояд. ИМА давлатҳои соҳибистиқлоли минтақаро ҳамчун минтақаи муҳими стратегии манфиатҳо мешиносад. Пеш аз ҳама, давлатҳои мазкур бо Россия, Чин, Эрон ҳамҳудуд мебошанд, баъдан аҳамияти пешомади минтақаро ҳукумати Амрико дар сарватҳои табиии он –  нафту газ ва захираҳои бойи обу барқ мебинад.

Минтақаи кӯхистон дар шароити ҳозираи инкишофи геополитикии Тоҷикистон омили муҳимиест, ки метавонад мақому ҷойгоҳи давлати миллиро дар низоми олами муосир муайян созад ва кишварро дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намояд. Бахусус, ба он ҷиҳат эътибори ҷиддӣ додан лозим аст, ки дар давраҳо ва ҳолатҳои муайян кӯҳистон сарзамини тоҷикон ва Тоҷикистони навинро ҳамчун унсури воқеии инкишофи таърихӣ нигоҳ доштааст. Кӯҳистон дар шароити минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар воқеияти макони тоҷикнишин ҳамчун омили воқеан мусбат ва бунёдгар ташаккул ёфта, дар бисёр мавридҳо манбаи инкишоф ва таъмини амнияти шахс, миллат ва давлат баромад намудааст. Минтақаи кӯҳистон дар саромади рушди Тоҷикистони навин қарор гирифта, метавонад манфиатҳои геополитикӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро дар низоми олам ҳифз ва ҳимоя намояд. Танҳо роҳу воситаи истифодаи самараноки он имконият медиҳад, ки Тоҷикистонро ба кишвари пуриқтидори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил диҳад. Фақат истифодаи самаранок ва дар доираи манфиатҳои ин давлат бар он назар бояд кард.

Доктринаи сиёсии «Минтақаи кӯҳистон» ба сифати омили асосии пешрафти Тоҷикистон баромад намуда, дар шароити ҳозираи инкишофи кишвар таваҷҷуҳи хосаи аҳли ҷомеаро талаб менамояд. Махсусан, ба ҳолатҳои зерин диққати ҷиддӣ мебояд:

– кӯҳистони Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок бой буда, ба сифати боигарии асосии кишвар баромад намуда, дар инкишофи мамлакат мақоми стратегиро ишғол сохта, манбаи боэътимоди даромади миллӣ мансуб меёбад. Кӯҳистони тоҷик омили инкишофи муътадили кишвар ба ҳисоб меравад. Кӯҳистонро ҳамчун манбаи боэътимоди рушди миллӣ истифода намудан мумкин аст. Истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва махсусан, канданиҳои фоиданок саҳми онро дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзун намуда, дар муносибатҳо ва робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои дигар мақоми хосаро касб менамояд. Бахусус, истифодаи самараноки металлҳои ранга иқтисодиёти кишварро ба сатҳи баланд мебардорад ва он омили баландтарини инкишофи устувор қарор мегирад; [Зокиров Г.Н. Минтақаи кӯҳистон (Таҳқиқоти геополитикӣ). – Душанбе, 2016, с. 128]

– Давлати Тоҷикистонро зарур аст, ки омилҳо ва акторҳои дохилиро барои коркард ва истихроҷи он равона созад. Ҳадди ақал бар души худ гирад. Замоне сармояи хориҷӣ ҷалб гардад, ки акторҳои дохилӣ тамоми имкониятҳоро ба охир расонидаанд. Истифодаи кӯҳистони тоҷикро бе ҷалби сармояи хориҷӣ инкишоф додан мушкилиҳои зиёдро пеш меорад. Махсусан, техникаву технологияи навтарин ва сармояи зеҳниро талаб менамояд;

– сармояи хориҷӣ омили дигари зарурии инкишофи минтақаи кӯҳистон мебошад. Иштироки ширкатҳои хориҷӣ ва саҳмияи онҳо набояд аз 30-40 фоизи маблағҳои эҳтимолӣ зиёд бошанд. Дар акси ҳол хориҷиён метавонанд ҳолатҳои гуногунро истифода намуда, талабот ва шартҳои вазнинро пеш гузоранд. Дар иқтисодиёти Тоҷикистон мақом ва нақши асосиро ширкатҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ишғол намудаанд. Фаъолити онҳо дар ҳама ҷабҳаҳои иқтисодиёти кишвар ҳис мегардад.

– дар сиёсати байналхалқӣ Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳифзи манфиатҳои геополитикии худ муносибати ҷиддиро пеша намуда, онро дар шакли экспансияи фарҳангӣ пиёда мегардонад. Аммо ҳеҷ гоҳ хитойиҳо экспансияи сиёсию ҳудудии кишварҳои дигар, махсусан кишварҳои ҳамсояро аз назар дур насохтаанд. Онҳо дар заминаи консепсияи «Хитойи бузург» андешаронӣ намуда, манфиатҳои давлати бузургро ҷӯё мегарданд. Чунин вазъиятро давлатҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон аз мадди назар дур насозад. Зеро Ҷумҳурии Халқии Чин бо чунин саҳм доштан дар иқтисодиёти кишварҳои минтақа метавонад ҳар лаҳза сиёсати худро тағйир дода, онҳоро вобастаи худ гардонад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки бо чунин сатҳи сармоягузорӣ Ҷумҳурии Халқии Чин бо Тайван айнан аз рӯи чунин сенария амал кардааст. (Китай и Тайвань: истоки противостояния.// [Манбаи электронӣ ( https:// www. bbc.com.12.сен.2015 ]

            – давлатҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро зарур аст, ки дар муносибатҳои байналхалқӣ дар доираи меъёрҳои ҳимояи манфиатҳои миллию геополитикиашон амал намуда, равобит ва ҳамкориҳоро идома диҳанд. Равандҳои геополитикие, ки дар Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ меоянд, бевосита аз сиёсати хориҷии давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ вобастагии калон доранд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Халқии Чин мақом ва нақши махсусро касб намудааст. Вай ҷойгоҳи қавие барои инкишофи хеш пайдо намуда, онро ҳамаҷониба инкишоф медиҳад;

– кӯҳистон ҳамчун манбаи муътамади бо ғизо таъмин намудани одамон баромад менамояд. Табиати кӯҳистон бисёр намудҳои растаниҳои доругӣ ва ғизоӣ дорад, ки дар шакли тайёр одамон онҳоро истифода намуда, на танҳо мавриди рӯзгузаронӣ қарор медиҳанд, балки онҳоро маводи муомилот ва мубодила низ медонанд. Махсусан, дар фасли баҳор кӯҳистон ба манбаи даромади молӣ ва молиявии гурӯҳи бузурги одамон табдил меёбад. Аз ин ҷост, ки парвариши растаниҳои ғизоӣ саҳми бузургест дар таъмини амнияти озуқавории кишвар.

Дар шароити имрӯза минтақаи кӯҳистон манбаи бузурги саноати дорусозӣ ба шумор рафта, рушду инкишофи он ба нафъи Тоҷикистон мебошад. Аз кӯҳистони тоҷик одамон гиёҳҳои шифобахшро дар шакли тайёр ва нимтайёр ба даст меоранд. Танҳо Давлати Тоҷикистонро зарур аст, ки чунин неъмати бузургро таввасути амалӣ гардонидани барномаи махсус роҳандозӣ намояд. Он имкон медиҳад, ки рушду инкишофи саноати бузурги дорусозиро бунёд гардонад ва дар саноати дорусозии ҷаҳон мақом ва нақши бузургро пайдо созад;

– истифодаи иқтидори обии мамлакат. Об яке аз сарватҳои бузурги табиати кӯҳсори Тоҷикистон ба шумор меравад. Истифодаи самараноки он имкон медиҳад, ки шароити зиндагии арзанда барои аҳли ҷомеа фароҳам оварда шавад. Дар шароити имрӯзаи олам захираҳои обӣ ҳам аҳамияти миллӣ ва ҳам аҳамияти минтақавию глобалиро пайдо намудааст. Аксарияти кишварҳо дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тоза танқисӣ мекашанд. Чунин ҳолат Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки таввасути барномаи мушаххас танзими масъаларо ба миён гузорем.

Ҳамин тариқ, доктринаи «Минтақаи кӯҳистон» заминаи воқеии инкишофи давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, раванди рушди босуботро таъмин менамояд. Онро ба сифати манбаи қудрати Тоҷикистони навин эътироф бояд дод.

Д. Қ.Раҳимов,

 ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ