ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

4955

Пас аз дарёфти истиқлолияти давлатӣ раванди ташаккул ва шаклгирии давлати муосири Тоҷикистон тавассути роҳу воситаҳои мухталиф сурат гирифт, ки яке аз навъҳои асосии онро ба роҳ мондани ислоҳоти сиёсӣ ташкил медиҳад. Ислоҳоти сиёсӣ ҳамчун унсури фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ буда, таъсири назарраси худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки дар навбати худ, истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият мебахшанд, мерасонад. Дар адабиёти илмӣ омадааст, ки «ислоҳот ҳамчун амали сиёсӣ, ки ба таври бошуурона, мақсаднок ва муташаккил гузаронида мешавад, муносибати мавҷударо мустаҳакам намуда, тағйироте дохил менамояд, ки боиси инкишофи минбаъдаи он мегардад» [Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. /Г.Н. Зокиров. –Душанбе, 2018. Ҷ. 1. -520 с., с. 478].

Раванди шаклгирии давлати муосири Тоҷикистон аз як қатор омилҳо вобастагии зич дорад. Аз ҷумла, яке аз омилҳои асосии муайян намудани тамоюли рушди давлати муосири Тоҷикистон ин таҷдиди назар гардидани асосҳои конститутсионӣ ва низоми ташкилии он ба ҳисоб меравад. Дар ташаккули давлати муосири Тоҷикистон таҳия ва қабули Конститутсияи он аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалию сиёсиро касб намудааст. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлатдории муосири тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, субот, ваҳдат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Зеро дар он асосҳои бунёдии давлати муосири Тоҷикистон инъикоси арзишӣ ва меъёрии хешро пайдо намудаанд.

Воқеан, соҳибистиқлолӣ ва инкишофи мустақилонаи давлат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба вуҷуд оварда, барои ислоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт. Зарурияти ислоҳоти сиёсӣ дар ҷомеа масъалаи ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар принсипҳои муҳими демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ қабули Конститутсияи нави кишвар ногузир гардид.

Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ки бори нахуст ба таври раъйпурсии умумӣ сурат гирифт, дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлати муосири Тоҷикистон ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос менамояд. Таҷрибаи таърихии кишварҳои мутамаддини олам гӯвоҳ аз онанд, ки давлат танҳо дар сурате рушду инкишоф меёбад ва талаботу манфиатҳои тамоми аҳолии он ҳифз мегардад, ки агар дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба таври зарурӣ риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун нишонаи барҷастаи давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад ва ташаккули муҳимтарин принсипҳои демократияи муосир дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода шавад.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ догма набуда, бо дарназардошти ба вуҷуд омадани зарурат, дар давраҳои мухталиф (солҳои 1999, 2003 ва 2016) бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба он ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, дар баробари як силсила навовариҳо, барои танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ робитаи мустақим доштанд, заминаи муҳим гузошта шуда, аз ҷумла, дар мамлакат низоми комилан нави мақоми қонунгузор, яъне парламенти касбии иборат аз ду палата таъсис гардид, ки ин иқдом қадами устувор дар роҳи рушди парламентаризми муосир мебошад.

Омили дигари муайянкунанда самти асосии рушди давлати муосири Тоҷикистонро раванди демократикунонии он ташкил медиҳад. Кӯшишҳо ҷиҳати бунёди давлати демократӣ маҳсули замон аст. Ғояи ҷомеаи демократӣ асоси конститутсия ба ҳисоб меравад. Яъне, яке аз масъалаҳои зарурие, ки дар раванди ташаккули давлати муосири Тоҷикистон мавқеи муайянкунанда дорад, ин масъалаи ташаккул ва таҳкими муносибат ва зуҳуроти сиёсии ба принсипҳои демократӣ асосёфта ба ҳисоб меравад. Ҷавҳари асосии ин принсипро ба сифати сарчашмаи ҳокимият эътироф намудани халқ ташкил медиҳад, ки он заминаи худро дар конститутсия дар чунин шакл пайдо намудааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад» [Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 6]. Дар амал тадбиқ намудани чунин принсипи конститутсионӣ ва ҳамзамон, муҳимтарин принсипи ҷомеаи демократӣ амалинамоии як қатор чораҳои сохторӣ ва институтсионалиро тақозо менамояд, ки дар заминаи онҳо ба таври воқеӣ халқ тавонад то худро ба сифати сарчашмаи асосии ҳокимияти давлатӣ эҳсос намояд. Минбаъд, пас аз қабули конститутсияи нав, ки ҳанӯз вазъи сиёсии кишвар муташаниҷ буда, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати буҳронӣ қарор дошт, зарурият ба миён омада буд, ки ҳокимияти сиёсии мавҷуда баҳри таҳкими арзишҳои демократӣ дар ҷомеа чораҳои мушаххас андешад. Ин раванд дарки воқеии мазмуни демократия, ҳамкории озоди таҳаммулпазиронаи қувваҳои гуногуни сиёсӣ, ташаккули фарҳанги нави сиёсии бидуни ҳама гуна зӯроварӣ ва маҷбурнамоӣ, таъмини озодии андеша ва афкорро тақозо менамуд.

Минбаъд чунин омилҳо баҳри таҳаввулоти шуури ҷамъиятӣ ва сарфи назар гардидани каҷфаҳмиҳо дар дарки демократияро тақозо менамуданд. Тадбиқи дурусти ғояҳои демокра-тикунонӣ имконият медоданд, ки қонуниятҳои таҳкими давлатдории миллӣ дар шакли мутавозин амалӣ гарданд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, муайян гардидани шакли идоракунии демократӣ имконият медод, то эътимоди мардум ба ҳокимияти сиёсӣ устувор гардонида шуда, дар шароити мушкили сиёсӣ дурнамои рушди минбаъда муайян гардад. Ҳамчунин, хусусияти дигари ҷомеаи демократиро мавҷудият ва амали принсипи плюрализми сиёсӣ ташкил медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири тадбиқ намудани принсипи плюрализми сиёсӣ, ки яке аз ҷиҳатҳои асосии онро гуногунандешӣ ташкил медиҳад, заминаи қонунӣ гузошта шудааст. Аз ҷумла, конститутсия дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ рушд ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро эълон намуда, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳеро ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф накардааст [Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 8].

Қайд намудан зарур аст, ки махсусияти дигари плюрализми сиёсиро мавҷудияти системаи бисёрҳизбӣ ташкил медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули системаи биёрҳизбӣ раванди хоси таърихии худро дорад. Ҳанӯз пас аз раванди бозсозию демократкунонӣ ва ошкорбаёнӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намонд, ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба вуҷуд омада, дар ҳаёти сиёсии ҷомеа фаъол гардиданд. Раванди мазкур аз бисёр ҷихат хосияти мусбӣ дошта, ҷомеаро ба сӯи бунёди демократия раҳсипор менамуд. Аз сабабе, ки дар тамоми субъектҳои Иттифоқи Советӣ Ҳизби коммунистӣ ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла ба ҳаёти сиёсии ҷомеа сахт реша давонида буд, бо баробари паст гардидани нуфӯзи он, ба тадриҷ ҳизбу ҳаракатхои гуногун ташаккул ёфта, дар баъзе мавридҳо ба раванди идораи давлат ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мушкилотҳои гуногунро ба вуҷуд меоварданд ва раванди идораи онро мушкил мегардониданд. Гарчанде, ки дар ибтидо фаъолияти сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои дар баъзе мавридҳо хосияти иртиҷоӣ дошта, боиси авҷ гирифтани ҷанги ҳамватанӣ дар Тоҷикистон гардиданд, аммо ин раванд боиси он гардид, ки ба хотири таъмини плюрлизми сиёсӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷомеа баланд гардад.

Ҷолиби қайд аст, ки низоми ҳизбии Тоҷикистон, ки дар асоси меъёрҳои демократӣ бунёд ёфтааст, шароити мусоидро барои фаъолияти ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ кафолат медиҳад. Ин омил боиси он мегардад, ки нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа фаъолтар гардад. Чи тавре ки муқаррароти конститусионӣ нишон медиҳад, «ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд» [Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 28]. Ислоҳоти низоми ҳизбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози истиқлолияти сиёсӣ сарчашма гирифта, то ба имрӯз марҳалаҳои гуногунро паси сар намудааст.

Шубҳае дар он нест, ки феълан дар Тоҷикистон низоми бисёрҳизбӣ амал менамояд. Шароит ва имкониятҳои васеъ барои фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию маданӣ, ки дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият менамоянд, муҳайё карда шудааст. Аммо истифода аз имкониятҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ин масъалаи комилан дигар аст.

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари эътироф ва кафолати фазои озоди мафкуравӣ ва гуногунандешӣ роҳҳои қонунии татбиқи ин меъёрро тавассути қонунҳои соҳавӣ роҳандозӣ намуд, ки дар натиҷа имрӯз дар фазои ҳуқуқии кишвар теъдоди зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва иттифоқҳои касаба ба расмият шинохта шудаанд.

Феълан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири тақвият бахшидани раванди идораи демократӣ ва тадбиқи принсипи плюрализми сиёсӣ барои фаъолияти оппозитсияи сиёсии комил шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аммо, мутаасифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти оппозитсияи сиёсӣ, ки яке аз меъёри зарурии демократӣ будан ё набудани давлат ба ҳисоб меравад, дар сатҳи зарурӣ ҷой надорад. То андозае фаъолияти ҳизбҳои оппозитсионӣ дар доираи парламенти кишвар амал менамояд, ки он ҳам бештар хосияти шаклӣ дорад.

Раванди сиёсии охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI нишон медиҳанд, ки қабули қонунҳои хубу демократӣ ҷиҳати танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳанӯз кофӣ нестанд. Дар навбати аввал кушиш кардан зарур аст, ки ҳамаи шаҳрвандон ба таври дақиқ онро риоя намоянд. Масалан, беқонунӣ ва набудани тартибот Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги ҳамватанӣ овард, ки дар он ҳазорон одамони бегуноҳ ба қатл расиданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар заминаи меъёрҳои қонунгузорӣ фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди фарҳанг, таҷриба, ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.

Дар навбати худ қайд намудан ба маврид аст, ки ҳаёти ҷамъиятии ҳар як давлат дар асоси муқаррароти ҳуқуқӣ пеш меравад. Волоияти қонун аз муҳимтарин принсипҳои давлати ҳуқуқӣ дониста мешавад. Агар дар ҷомеа ҳуқуқ ва қонуният ҳукмронӣ нанамояд, агар ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон риоя карда нашавад, агар ба одату анъанаҳои миллӣ ва умумиинсонӣ арҷ гузошта нашавад, он гоҳ чунин давлатро демократӣ ва ҳуқуқбуёд номидан комилан номумкин аст. Агар дар ҷомеа қонунҳо танҳо дар қоғаз навишта шаванду иҷро нагарданд, пас дар чунин ҷомеа адолат аз байн меравад.

Дар навбати худ, қонун бояд дар амалия тадбиқ гардад. Модоме ки қонун қабул гардид, ҳамаи шаҳрвандонро зарур аст, ки ба он итоат намоянд. Яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд ин баробарии ҳама дар назди қонун, таъмини волоияти қонун, ки маънои: аввалан, ҳукмронии қонун дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ. Ҳеҷ кас ҳаққи аз масуълият ва ҷавобгарӣ озод будан дар назди қонунро надорад; дуюм, муносибатҳои асосии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро танҳо қонун танзим менамояд ва иштирокчиёни онҳо барои вайрон намудани талаботи қонун бе ягон истисно ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Яке аз тамоюлҳои асосии инкишофи давлати муосири Тоҷикистонро ҳам аз лиҳози шаклию ҳам аз лиҳози моҳиятӣ дар амал тадбиқ намудани принсипи таҷзияи ҳокимият ташкил медиҳад. Бори нахуст дар тамоми таърихи инкишофи Тоҷикистон дар конститутсияи ҷумҳурӣ принсипи тақсимоти ҳокимият дар асоси таҷзияи он ба қонунгузорӣ, иҷроия ва суд муқаррар карда шуд [Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 9]. Ин зуҳурот ҳамчун яке аз принсипҳои асосии рушди демократия ба ҳисоб меравад. Дар шароити кунунӣ принсипи тақсимоти ҳокимият дар баробарии ҳуқуқӣ амал намудани ҳар се шохаи ҳокимиятро фаро мегирад, ки ҳар яке аз онҳо – қонунгузорӣ, иҷроия ва суд доираи муайяни фаъолиятро соҳибанд ва ба соҳаи дигар ҳаққи таъсиррасонӣ надоранд. Ҳокимияти қонунгузор, ки парламентро намояндагӣ мекунад, ҳуқуқи истисноии қабули қонунҳои давлатиро соҳиб аст. Ҳеҷ як ҳокимияти дигар ва мақомоти давлатӣ чунин ҳуқуқро соҳиб нест. Ба парламент вогузор гардидани ҳокимияти қонунбарор принсипи соҳибихтиёрии халқро воқеӣ мегардонад. Илова бар ин, метавон қайд намуд, ки ҳамчун ғоя таълимоти тақсимоти ҳокимият ташаккул ёфта, дар таърихи дуру дарози мавҷудияти худ тадриҷан хосияти сиёсиро соҳиб мегардад ва минбаъд ба принсипи конститутсионии кишварҳои зиёд табдил меёбад. Дар моддаи 9 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳакам намудани ин принсип назди муҳаққиқон, алалхусус сиёсатшиносон, ходимони давлатӣ, сиёсатмадорон як қатор масъалаҳои муҳимро пеш мегузорад. Яке аз онҳо муайян намудани сарҳадоти мустақилияти ҳар яке аз ин се шохаи ҳокимият, таъмини ҳамоҳангӣ ва равобити мутақобилаи он мебошад. Чӣ хеле ки қаблан таъкид намудем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона фаъолият намудани ҳар се шохаи ҳокимият пас аз қабули Конститутсияи нав дар соли 1994 оғоз гардид. Конститутсия нақши асосиро ҷиҳати ҳамоҳанг намудани фаъолияти шохаҳои ҳокимият ба Президенти кишвар вогузор менамояд. Тибқи банди 2 моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент «кафили мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо» [1, моддаи 64] мебошад.

Андеша доир ба парламенти дупалатагӣ (бикамерализм) хеле пештар мавриди муҳокима қарор дошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ягона аст. Вобаста ба ин, мураккабии ташкили палатаи дуввуми парламент аз он иборат аст, ки муайян кардани меъёрҳои имконпазири ташкилнамоии он мушкил буд. Аммо афзалияти парламенти дупалатагӣ, ки имконияти дар сатҳу сифати баланд омода ва қабул намудан қонунҳо ва пурра ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳудудҳои муайяну гурӯҳҳои иҷтиморо дошт, омӯхта шуда, системаи дупалатагии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 ва баътар ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Аз 19 апрели соли 2000 тартиби ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. Воқеияти ҳаёт чунин аст, ки рушди минбаъдаи кишвар ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таъмини шароит барои ташаккули гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ, такмили салоҳияти мақомоти давлатӣ ва фаъолнокии сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон аз мақомоти қонунгузор вобастагии амиқ дорад.  Яке аз тамоюлҳои асосии рушди давлати муосири Тоҷикистонро ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад [Давлати миллӣ дар раванди глобаликунонӣ: муносибатҳо ва хусусиятҳои инкишоф. //Маводи «мизи мудаввар»-и маҳфили инфиродии «Шабафрӯз». – Душанбе, 2012, с.91].

Феълан, дар қонунузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ асосҳои устувор гузошта, кафолати инкишофи озодонаи ҳар шахсро муҳайё сохт ва муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ба монанди озодии сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва иродаро ҳамчун заминаи бунёдии ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ муқаррар намуд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ рақобати озоди ҳизбу ҳаракатҳоро бо усули гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ эътироф намуда, кафолат медиҳад. Инчунин, дар Тоҷикистони муосир тадриҷан институтҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, то андозае таъсири худро ба раванди сиёсӣ, ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ва рушду инкишофи ҷомеа гузошта истодаанд. Аммо тамоюли рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам нисбатан заиф аст. Дар ташаккул ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ масъалаҳои зиёди ҳалталабе вуҷуд доранд. Омилҳое ҷой дорад, ки садди роҳи ташаккул ва инкишофи институтҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад. Мавҷудияти чунин омилҳо монеаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ гашта, дар ҳар ҳолат метавонанд чархи пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ боздоранд, ё боиси тадриҷан таназзулёбии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гарданд. Монеаҳое, ки барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таъсир мерасонанд, хеле зиёд буда, ҳам хусусияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию моливӣ, равонию маданӣ ва ғайраро доро мебошанд. Аз ҷумла, воқиф набудан дар соҳаи фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба он бурда мерасонад, ки қисмати зиёди мардум, ки дар чунин ташкилотҳо кор намебаранд, фаҳми таълимоти шаҳрвандиро надоранд; онҳо чунин намеҳисобанд, ки аъзои ҷомеа худ бояд харакат намоянд, то масъалаҳояшонро ҳал намоянд; ба ташаббуси ҷамъиятӣ боварӣ надоранд. Фаҳмо набудани таълимоти ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мардум аз бисёр ҷиҳат суръати инкишофи ҷомеаи шаҳрвандиро суст мегардонад. Танҳо дар натиҷаи дарки арзишҳо ва қоидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ одамон метавонанд ба инкишофи он саҳм гузоранд.

Дар навбати худ қайд намудан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, хусусан қабули Конститутсия ба ташаккули низоми нави давлатдорӣ асос гузошта шуд, ки зина ба зина то ба ҳол дар ҳоли рушд қарор дорад. Феълан, низоми демократии идоракунии давлатӣ, ки ба сифати асоси системаи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд, мустаҳакам гардонида шудааст, ки омили асосии рушд ва суботи кишвар маҳсуб меёбад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад [Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 1]. Дар ин асос идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, низоми низоми давлатӣ мутобиқ ба меъёрҳои он ба роҳ монда шудааст. Воқеан, ташаккули идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ташаккули низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ, татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо робитаи ногусастанӣ дорад.

Ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои рушди минбаъда, пеш аз ҳама, бо фаъолияти самараноки низоми идоракунии давлатӣ, ки дар истифодаи якҷояи оқилонаи усулҳои мустақим ва ғайримустақими танзими равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ асос ёфтааст, алоқаманд мебошад. Шаффофият ва ҳисоботдиҳии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ омили муҳим буда, қобилияти таъмин намудани рушди пешгирикунанда, индустриалӣ ва инноватсионии кишварро дорост. Фароҳам овардани шароити то ҳадди имкон мусоид барои зиндагӣ ва инкишофи минтақаҳо бояд принсипи асосии фаъолияти кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ гардад. Бо ин мақсад бояд иқтидори ниҳодҳои давлатӣ таҳким дода шуда, низоми ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд такмил дода шавад. Ҳадафи такмилдиҳии низоми идоракунии давлатӣ амалисозии самараноки вазифаҳои давлат ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифати давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии бомуваффақияти кишвар маҳсуб меёбад [Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. –Душанбе, 2016, с.38].

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои мухталифе, ки метавонанд ба истиқлолияти миллии мо халал ворид созанд, эҳтиром ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсия ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд.

Хосияти дигари рушди давлати муосири Тоҷикистонро бунёди давлати иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Принсипи асосии сиёсати иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки шароити зарурӣ барои зиндагии арзанда таъмин карда шуда, инкишофи озодонаи инсон дар шароити давлати демократӣ, ки на ҳамчун кори шахсии худи инсон, балки аз дараҷаи сиёсати умумидавлатӣ бармеояд, таъмин карда шавад. Тоҷикистон – давлати иҷтимоист. Дар алоқамандӣ ба ин, давлат ҳамчун ислоҳотгари асосӣ ба таври иҷтимоӣ шаҳрвандонеро, ки қобили фаъолияти меҳнатӣ нестан, маъюб, ятим ва аз оилаҳои серфарзанд ҳастанд, дастгирӣ менамояд. Ҳангоми баамалбарории ин кор давлат, пеш аз ҳама, манфиатҳои ҳаётан муҳими халқро ҳимоя менамояд. Ҳар як ҷомеа ва давлати аз ҷиҳати иҷтимоӣ адолатпеша он тавре муайян карда мешаванд, ки он чӣ тавр ба гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир муносибат менамояд. Давлат ва ҷомеа вазифадор аст шаҳрвандро таҳти ҳимояи худ қарор дода, ба ӯ шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои фаъолияти меҳнатӣ фароҳам орад.

Сиёсати қавии иҷтимоӣ меъёри асосии ҷомеаи одилонаи шаҳрвандӣ ва давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошад. Таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки барқарорсозии иқтисодиёт, риояи қонуният ва тартибот, табдил додани эволютсионии муносибатҳои консервативии иқтисодӣ ба муносибатҳои бозорӣ бо нақши фаъоли ислоҳотгари давлат заминаи мустаҳками босуботи иҷтимоӣ эҷод мекунад. Табиист, ки ҳадафи асосии ҳамаи ислоҳоти гузаронидашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бунёди давлати демократӣ бо иқтисоди бозоргонии ба самти иҷтимоӣ нигаронидашуда мебошад. Аз рӯзҳои аввали рушди мустақилонаи Тоҷикистон лозим омад, то як қатор мушкилоти мухталиф ва шадид ҳаллу фасл гарданд ва ин таҳияи модели махсуси рушди иҷтимоиро талаб мекард, ки онро «модели тоҷикӣ»-и бунёди ҷомеаи демократӣ номиданд.

Роҳе, ки дар тӯли солҳои навсозӣ ба анҷом расид, дуруст ва самаранокии ин моделро тасдиқ кард, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф ва пазируфта шудааст. Онро зарур гардид, ки дар доираи манфиати тамоми халқ раванди ислоҳотро шурӯъ намуда, афзалиятҳои пешрафтаи рушди иқтисодиро муайян карда, сиёсати ислоҳоти куллӣ дар иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳия ва пайгирона амалӣ намояд. Дар тӯли солҳои истиқлолият худи давлат моҳиятан тағйир ёфт – системаи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти давлатӣ ба таври куллӣ таҷдид карда шуд, услуб ва шаклҳои кор тағйир ёфта, боқимондаҳои низоми тоталитарӣ бартараф карда шуданд. Чунин нақши давлат дар давраи бунёди ҷомеаи демократӣ ва амалишавию такмили давлатдории миллӣ, ба таври пурра собит гардид. Аммо бо вуҷуди ин дастовардҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло низ дар марҳалаи тақдирсози таҳкиму тақвияти пояҳои давлати худ қарор дорад ва он саъйю талошҳои минбаъдаро ба хотири ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву амниятӣ тақозо менамояд. Ҳамин тариқ, дар асоси гуфтаҳои боло метавон қайд кард, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият, сарфи назар аз оқибатҳои ҷанги ҳамватанӣ ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст, ки барои бунёди давлати нави соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузорад. Дар шароити феълӣ бисёре аз принсипҳои ҷомеаи демократӣ, ки дар конститутсия ва дигар санадҳли меъёрию ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд, воқеияти худро тадриҷан дар амалияи ҷамъиятӣ пайдо намуда истодаанд. Аммо, агар мо аз мавқеъ ба масъалаи ташаккули ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон назар афканда, баён намоем, ки воқеан демократия дар тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ тадбиқи комили худро ёфтааст, ин ҳанӯз хеле барвақт аст. Зеро бо ҷой додани принсипҳои демократӣ дар низоми қонунгузорӣ ҳанӯз воқеият доштани ин принсипҳоро ифода наменамояд. Аммо метавон бо итминон таъкид намуд, ки Тоҷикистон қадамҳои устуворонаи худро бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои муттамаддини олам дар ин самт гузошта истодааст ва эҳтимол дорад, ки минбаъд он ба сифати яке аз кишварҳои демократии пешрафта мубаддал гардад.

Х.Холов, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ