НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

302

16 ноябри соли равон мардуми шарифи Тоҷикистон “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ботантана ҷашн мегиранд.

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 15 апрели соли 2016 онро Маҷлиси намояндагон қабул, 5 майи соли 2016, таҳти №217 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва 14 майи соли 2016 таҳти №1320 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур, ин аз эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмўъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, иборат мебошад.

Тибқи ин қонун ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» сархати ҳафтоду якум илова карда шуда, 16 ноябр ҳамчун «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардид ва акнун панҷ сол мешавад, ки ин рӯзи таърихию фаромушнопазир ботантана ва бо ифтихору вафодорӣ аз Сарвари фархундаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда мешавад.

Сабаби ба ин рўз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рўзи таърихӣ, 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб баргузор гардид, дар ҳамин рӯз, яъне 16 ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд кардаанд. Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки соли 1994 аз тарафи мардум қабул гардид, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд. Хушбахтона гузаштан ба низоми президентӣ натанҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардиданд.

Ҳамзамон дар соли 2016, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат» ба Қонуни конститутсионӣ табдил дода шуда, дар ҳамин сол Қонуни нави конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 64) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) маҳсуб ёфта, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, бузургдошти “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳмияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққиёти давлатдории миллӣ, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии он баромад мекунад ва ин рўзро ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳӣ ватандуст ҳамчун ҷашни хурду калони озоду осудаи Тоҷикистон меҳисобанд.

Ҳамин аст, ки фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрўз бо бартарию хусусиятҳои хоси худ эътирофи байналмилалиро касб намудааст.

Бо дарки ин муҳтаво дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хизматҳои бузургӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рў, заҳматҳои бузургӣ ин шахси нодир, дар роҳи наҷоти давлату миллат беандоза мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди этирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ў чеҳраи табиӣ, шахсияти ў шахсияти воқеъӣ ва хидматҳои ў хидматҳои бунёдӣ мебошанд.

Аз дигар тараф, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарғибу муаррифӣ эҳтиёҷ надоранд. Ин абармарди тоҷик дар таърихи навини Тоҷикистон шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки ҷиҳати эҳёи падидаҳои неку писандида, арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангии ниёгон хизматҳои пурарзиш кардаанд. Ҳар нафаре, ки аз сарнавишти печидаи халқи тоҷик воқиф аст, хизматҳои созандаи Сарвари давлатро мебинад ва медонад, бо хубӣ эҳсос менамояд, ки бе муболиға, ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин фарзанди фарзонаи миллат, симои таърихии Пешвои миллатро дарк намудаем.

Зеро барои тасвири симои шахсе, ки халқи зиёда аз ҳазор сол пароканда, аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати мустақил, соҳибистиқлол ва соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид намуд, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон ба кафи даст ба миллат сулҳу ваҳдат ва амният овард, қудрат ва сиёсатро дар хидмати инсон гузошт, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, ҳатто садҳо рисолаву китобҳои бадеъию илмӣ навиштану эҷод кардан кам аст.

Бовар дорам, ки оид ба сифатҳои Пешвои миллат боз асарҳои зиёд эҷод мешаванд, зеро дар ҳама соҳа ин шахсияти беназир саҳми шоиста доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти пешрафти ҳама соҳаро бар зиммаи худ гирифта, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо чораву тадбирҳои муассир меандешанд.

Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи Сарвари давлат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва дар маҷмӯъ, барои баланд бардоштани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар асл Пешвои миллат, маҳбуби ҳама ва қаҳрамоне мебошанд, ки ният ва маромашон тинҷиву оромӣ, хонаободӣ ва хушбахтии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Бешубҳа бояд баён дошт, ки дар таърихи навини давлатдориамон оғоз ёфтани боз як саҳифаи нав, яъне “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” собитгари ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан – Модар, иштироки фаъолу поквиҷдонона дар таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳар як инсон муттасил шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам овардан ва рушди бемайлони ҷомеа хоҳад буд.

Воқеъан ҳам, таҷлили чунин як ҷашни пуршукўҳ пеш аз ҳама, аз таҳким ёфтани низоми сиёсӣ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ, демократикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеъаи Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат шаҳодат медиҳад.

Хидматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешаванд.

Ба андешаи мо, нақши таърихии Президенти кишвари маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик, пеш аз ҳама дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳёи тамаддун, илму фарҳанг ва мактабу маориф, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва варзиш, бунёди роҳу нақбҳо, берун баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, боло бурдани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ, бунёдкорӣ ва ободонии шаҳру деҳоти мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босураъти кишвар басо афзалиятнок аст.

Ин ва садҳо далели дигар шаҳодат аз он медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бидуни шакку шубҳа Пешвои миллати тоҷикон мебошанд ва дар ин замина Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» низ, ки таҳти № 1356 аз 14 ноябри соли 2016 қабул гардидааст, иқдоми саривақтӣ буда, эътибори ҳуқуқии олиро касб менамояд ва боз ҳам қадрдонии бештари хизмату заҳматҳои беназири сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иникос менамояд.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар яке аз суханрониҳояшон баён доштаанд, ки “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳар он чи ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои дигар халқу миллатҳо намунаи ибрат аст”.

Воқеан ҳам азхудгузаштанҳо, сарсупурдагӣ, ҷоннисориҳо ва фидокориҳои ин абармарди арсаи сиёсат барои Ватану миллат, сулҳу субот, зиндагии осоишта ва беҳбудӣ ёфтани рӯзгори мардуми тоҷик дар таърих ҳамто надорад ва барои роҳбарони дигар давлатҳо намунаи сиёсат ва ибрат мебошад.

Бо ифтихор ва сарфарозӣ бояд гуфт, ки ҳанӯз аз рӯзи нахустини Роҳбари давлат интихоб гардидан Эмомалӣ Раҳмон аллакай Пешвои миллати тоҷик буданд ва мардуми Тоҷикистон ба он кас эътимод ва боварӣ доштанд. Рисолати таърихии ин шахсияти бузурги олами сиёсат аввалан хости Худост ва баъдан миллати тоҷик ӯро дар раванди кору пайкор ва хизматҳои шоёну беназир дар марҳалаи сарнавиштсози таърихи миллат ва давлати тоҷикон ба ин мақоми олӣ интихоб намудааст. Дар ин замина аз нав интихоб гардидан ба ин маснади олӣ низ шаҳодати ин гуфтаҳо буда, дигар шахсон бо истиснои Пешвои муаззами миллат, наметавонанд, қисмати худро ба мардум қисмат ва умри худро сарфи хидмат ба миллат намоянд.

Бояд таъкид намуд, ки расидан ба ин мақоми олӣ барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, осону ҳамвор набуд, аммо фитрати азалӣ, устуворию ҷасорати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ, меҳру муҳаббати бузург ба миллату Ватан боис шуд, ки ин шахсияти нексиришту накукор мақоми баланди миллиро бо ҷонибдории ҳамаҷониба аз ҷониби миллати тоҷик мушарраф гардиданд.

Ба андешаи ман, ботини поку нияти холис, муҳаббати самимӣ ба халқу Ватан яке аз сарчашмаҳои асосии дастовардҳои азими Роҳбари давлат дар арсаи сиёсату давлатдорӣ мебошанд, зеро зимни савгандёдкунӣ дар Иҷлосияи XVI-уми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор дошта буданд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард».

Ғояҳои оштии миллӣ, расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ аз рӯзи нахустини Сарвари давлат интихоб шудан барои ин бузургмарди сиёсати ҷаҳонӣ шиори кору пайкор гаштанд. Натиҷаи хидмати беназири ин шахсияти нотакрор аст, ки имрӯз мардуми тоҷик дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ зиндагии оромонаро пеш мебаранд ва аз Сарвари давлату Пешвои миллат пайваста шукргузорӣ менамоянд.

Кору амалҳое, ки дар се даҳсолаи охир барои давлатдорию миллатсозӣ эҷод шудаанд, баробар ба садсолаҳо мебошанд. Ҳамин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардум ҳамчун Пешвои миллат эътироф гардида, маҳбубият пайдо намуданд. Бинобар ин, ба унвони Пешвои миллат ном бурдан ва ҳамчун “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифтан, барои Пешвои маззами миллати тоҷик ҳақиқатан, арзанда ва шоиста аст.

Искандаров Шарафҷон Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.