• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 3
Дар Донишгоҳи миллӣ даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷараён дорад. Озмуни мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби...
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти...
Имрӯз (12.04.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти ин унвон дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд. Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар...
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди илмию таълимӣ мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон  баргузор гардид. Дар мулоқот имконияту шароит ва захираҳои ташаккули робитаҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодӣ ва омӯзиши донишгоҳро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор...
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо ниҳодҳои гуногуни илмию таълимии хориҷи кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад. Табодули устодону кормандон ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам аз ҷумлаи ин ҳамкориҳо мебошад, ки солҳои охир пайваста сурат мегиранд. Дар...
Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи марзу бум ва пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин нукта зимни вохӯрии навбатии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо хатмкунандагони факултетҳои механикаю математика, геология, физика ва биология баргузор гардид. Ректори Донишгоҳ зимни суханронии худ...
Имрӯз (03.04.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ, мубориза бар зидди падидаи номатлуб - экстремизму терроризм ва тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии устодону кормандон вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои...
(Вохӯрӣ бо хатмкунандагони Донишгоҳ) Имрӯз хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун фаъолияти пурсамар намуда, дар рушди давлати соҳибистиқлол ва ҳифзи сарзамини биҳиштосоямон саҳми назаррас мегузоранд. Роҳбарияти Донишгоҳ баҳри сайқал додани донишҳои назариявию амалӣ ва ҳисси баданди ватандӯстиии ҷавонон, хусусан хатмкунандагони он пайваста тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд. Бо ин мақсад имрӯз...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо муовинон, садоратҳо, мудирони кафедраҳо ва масъулони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъалаҳои интизоми меҳнат, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ҷараёни таълим, назорати санадҳои сессияи санҷишию имтиҳонӣ, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо, назорати дарсҳо, фаъолияти омӯзгорон, корбарии самти тестҳо...
Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ, тоҷикӣ...

Эълонҳо