• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 32
Дар заминаи баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиии “Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои АвруОсиё” ҳайати Иттиҳоди криминалистон ва криминологҳо, ки аз олимону мутахассисони сатҳи байналмилалиро дар бар мегирифт, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, аз 09 то 14-уми майи соли ҷорӣ идома намуд.
Бо ҷонибдорӣ аз иқдоми навбатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон – эълон гардидани рӯзи 25-уми май - Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ роҳандозӣ шуд ва аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид қатънома қабул гардид, бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ва зерсохторҳои он...
Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки онро Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ пешниҳод намуд, қабул кард.
МУАЛЛИМИ МАН Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст. Мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чӣ миқдор шогирд тарбия кардаанд. Бо он фахр доранд, чӣ қадар шогирд тарбия кардаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш будаанд.
Ҳамасола бахшида ба Иди Ғалаба – 9-уми май дар Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи гуногун баргузор карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз 08.05.2024 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ветеранҳои ҷангу меҳнат ва бартарафсозандагони садамаи НБА «Чернобил» ба хотири пос доштани хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ вохӯрии судманд намуд.
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар даврони муосир яке аз талаботҳои замон гардидааст. Ҳамасола бо ташаббуси Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёна баргузор карда мешавад, ки дар он донандагони забони чинӣ қобилияти...
Имрӯз (07.05.2024) бо ташаббуси факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Услубшиносӣ ва медиалингвистика: проблема ва дурнамо” баргузор гардид. Дар кори конференсия меҳмонон аз муассисаҳои илмию таълимии дохил ва хориҷӣ ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Конференсияи илмию амалии “Услубшиносӣ ва медиалингвистика: проблема ва дурнамо” бо сухани муқаддимавии декани факултети мазкур, доктори...
Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисод ва иҷтимоиёт, ҳамзамон, иҷрои як қатор санадҳои дар ин самт ба тасвибрасида вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо устодони собиқадор ва кормандони факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ баргузор гардид. Ректори Донишгоҳ зимни сухани муқаддимавии...
Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои шаҳрдории кишвар дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе чорабиниҳои байналмилалии гуногуни илмию фарҳангӣ ва варзишӣ доир мегарданд. Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ “Dushanbe Grand Slam 2024” оид ба ҷудо аз ҷумлаи чунин чорабиниҳои пуршукӯҳ мебошад. Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони тоҷик аз руйи вазнҳои гуногун иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Ҳамасола дар шерозаи зодрӯзи шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои илмию адабии ҷумҳурӣ маҳфили «Турсунзодахонӣ» баргузор мегардад. Имсол бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳ ҳамоиши мазкур дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар доир гардид.

Эълонҳо