• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 52
Тавре иттилоъ дода будем, бахшида ба Моҳвораи  ҷавонон миёни устодону кормандон, сохторҳои марбутаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ташкил гардида буд, ки дирӯз (01.06.2023) дар варзишгоҳи Шаҳраки донишҷӯён ҷамъбаст шуд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи донишгоҳ...
Таҳти ин унвон имрӯз (01.06.2023) бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ иштирок намуданд. Дар оғоз дар саҳни толори асосӣ дастовардҳои хонандагони литсейи донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд ва ҳайати роҳбарикунанда аз намоиши...
Бо чунин унвон дар маҳфили навбатии «Тоҷион – оинаи таърихи миллат» декани факултети таърихи донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Шарифов Р. суханронӣ намуд. Дар дарси навбатӣ ва ё хонишҳои сиёсӣ, ки ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ...
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ Моҳвораи ҷавонон эълон ва чорабиниҳои гуногунсатҳ дар ин самт гузаронида шуд. Ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи сохтори фаъоли ин чорабиниҳо буданд. Имрӯз дар чорабинии ҷамъбастии Моҳвораи ҷавонон масъулин ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур дастовардҳои гуногуни донишгоҳ...
Имрӯзҳо дар самтҳои илму таълимӣ ва тарбияву робитаҳои байналмилалӣ дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошта, пайваста дар чорабиниҳои гуногуни донишгоҳ, аз ҷумла зимни баргузории ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ карда мешаванд. Имрӯз (31.05.2023) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ...
Дар Факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байналмилалии давлатҳои ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ вобаста ба таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар...
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мутахассисон аз Институти муҳити зисти Финландия Риихимяки Юха бо намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ ба хотири ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти навиштани лоиҳаҳои муштарак, дарсҳои омӯзишӣ ва ба ҳайси эксперт фаъолият намудан дар таҳқиқоту омӯзишҳои муштарак аз...
Донишҷӯи курси якуми факултети фалсафа, ихтисоси психология Фотима Холова ва донишҷӯйи шуъбаи фосилавии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ Зуҳро Холова дар Ҷоми Ҷаҳон, ки дар шаҳри Истамбули давлати Туркия аз 12 то 15 майи соли 2023 доир гардид, аз рӯйи варзиши кикбоксинг миёни 42 давлат, 77 клуби варзишӣ ва 3536 нафар бозингар иштирок намуданд. Фотима Холова...
Санаи 26 майи соли 2023 бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар он Мерафзунов Мерафзун - сардори Раёсати таъмини ҳуқуқии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асоев Баҳриддин - муовини сардори Раёсати ташкили...

Эълонҳо