• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 53
Санаи 26 майи соли 2023 бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар он Мерафзунов Мерафзун - сардори Раёсати таъмини ҳуқуқии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асоев Баҳриддин - муовини сардори Раёсати ташкили...
Имрӯзҳо сарҳадчиёни Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - аввалин муҳофизони хати ҷанг, далерону родмардон, ки Ватанро аз чашми душман муҳофизат мекунанд ва оромиву осоиши миллати тоҷикро таъмин менамоянд, ҷашн доранд. Ҳамеша омодаанд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ҷон нисор намоянд. Аз 28 майи соли 1994 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати...
Ҳамасола бо ташаббуси садорати факултети химияи Донишгоҳи миллӣ Рӯзи касбии кимиёгарон ва ё Рӯзи химия бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки Рӯзи химикон аввалин маротиба соли 1960 ҳамчун ҷашн қабул карда шуд. Сабаби асосии таҷлили Рӯзи химикон ва ташкили муассисаҳои характери химиявидошта дар ҳамон давра, аз он маншаъ мегирад, ки...
Имрӯз (25.05.2023) бо ибтикори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни дастаи Саридораи Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ва донишҷўёни нуқтаҳои таълимии Донишкада баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни хонандагон, баланд бардоштани маҳорати варзишии толибилмон, таҳкими эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон баргузор гардид.
Имрӯз (25.05.2023) бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар доираи моҳвороаи ҷавонон мизи гирди назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ» бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ...
Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Форуми дӯстӣ: Тоҷикистон - Чин – Русия баргузор гардид, ки дар он намояндагони сохторҳои дахлдор ва намояндагони муассисаҳои муштараки илмию таълимӣ иштирок намуданд. Дар чорабинӣ намояндагони Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуданд. Дар зимн ба зумрае аз институтҳои...
Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид. Дарси навбатиро доктори илмҳои таърих, профессор С.Муллоҷонов дар мавзӯи «Давлатдории Ғазнавиён...
Бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ ба ҳайати омӯзгорон ва муҳассилин мерасонад, ки Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон Озмуни идеяҳои инноватсионӣ “Innovation Challenge” эълон кардааст. Мақсади асосии озмун расонидани ёрии техникӣ ва молиявӣ (то 15 000 доллари ИМА барои як лоиҳа) барои идеяҳои беҳтарин (пешниҳоди лоиҳавӣ) ташкил медиҳад.   Барои дарёфти иттилооти иловагӣ ба сомонаи ДМТ www.tnu.tj, Бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ –...
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи шаҳрӣ аз рӯйи варзиши сабук - давидан дар масофаи 100м миёни ҷавонони пойтахт баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур донишҷӯйи курси якуми ихтисоси дандонпизишкии факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ Муминов Фаррух иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Ғолибият муборак!
Имрӯз (24.05.2023) бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи варзишӣ оид ба тирандозӣ аз силоҳи пневматикӣ миёни омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ барои дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид. Мусобиқаи мазкур бо ташабусси раёсати ДМТ ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Эълонҳо