• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 57
Имрӯз роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳҳо беҳтарин шароити муосоидро фароҳам овардааст. Ин тадбирҳо аз сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти Олии мамлакат маншаъ гирифтааст. Моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон, тамоми азму талоши худро баҳри донишомӯзӣ равона карда, баҳри ободии имрӯзу фардои кишвар саҳмгузор бошем. Ин...
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори фарҳангии ба номи Ш. Ҳусейнзода хониши сиёсӣ бо иштироки мудири кафедраи психология Саидзода Баҳрулло ва раиси сарпарастони ДМТ Илҳомиддин Ашуров бо устодону донишҷӯёни факултети журналистика доир гардид. Зимнан Саидзода Б. дар робита ба нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу...
Курси такмили ихтисосро намояндагони муассисаҳои олии кишвар аз рӯйи равияи педагогика ва психология дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ хатм намуданд. Бо мусоидати ректори донишгоҳ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, инчунин баланд бардоштани малакаи касбии кормандони...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х.  бо кормандони қисми таълими донишгоҳ нуктаҳои гуногуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавриди шарҳ қарор гирифт. Ҳамзамон, дар вохӯрӣ  масъалаҳои интизоми меҳнат, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ҷараёни таълим, назорати санадҳои  сессияи санҷишию...
Имрӯз (21.10.2023) бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи забони ҳиндӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ иштирок карданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент Шодиев Рустам оғоз ёфт.
Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни онҳо, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо зумрае аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ташкили чунин вохӯриҳои судмандро роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ муҳим ва рӯзмара...
Таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба самти илм зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти илм баъзе камбудиҳо дида мешавад. Аз ин рӯ, талабот ба самти корҳои илмӣ аз пештара бештар гардида, тадбирҳои нав рӯйи даст гирифта мешаванд. Ҳайати устодони кормандон бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули омӯзиш ва корбарии самти илмро дар донишгоҳ роҳандозӣ намуда, навгониҳои...
Имрӯз раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ (марказаш дар Аморати Муттаҳидаи Араб) Аҳмад ибни Муҳаммат Ал-Ҷарвон, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудааст, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарият ва зумрае аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуд. Раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммат Ал-Ҷарвонро ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва...
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фарҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» ва 65-умин солгарди фаъолияти факултети химия, ҳамзамон, 55-солагии кафедраи усули таълими химияи факултети мазкур дар мавзӯи «Истифодаи усулҳои муосири таълим дар муассисаҳои таълимӣ: мушкилот ва дурнамо» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон...
18 октябри соли 2023 якумин Озмуни миллӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби сурх баргузор гардид. Дар озмуни мазкур дастаҳои олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон ва Россия, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин озмун Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро...

Эълонҳо