• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 58
Таҳти ин унвон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дӯстӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар кори чорабинӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, намояндагони Ассотсиатсияи ҳамкории байналмилалии Русия ва сафоратхонаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои...
Ширкати британиягии рейтинги байналмилалии «Quacquarelli Symonds (QS)» рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Осиё— 2023 (QS World University Rankings: Asia 2023)-ро эълон кард. Тибқи радабандӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар байни якуним ҳазор донишгоҳ, ки аз ин 760 донишгоҳ ҳамчун донишгоҳи беҳтарин интихоб шуданд, дар қатори 401-450 донишгоҳи беҳтарин шомил шуд. Дар шарҳи ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds...
Дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ бо ибтикори кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои гузариш ба системаи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамо” конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии...
Дар асоси нақша - чорабиниҳои раёсати донишгоҳ имрӯз (18.10.2023) вохӯрии масъулини Донишгоҳ бо донишҷӯёни курси 1-уми факултетҳои механикаю математика ва таърих доир гардид. Масъулини донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати сарфароз гардидан бо номи пуршарафи донишҷӯ табрик намуда, ҳамзамон дар ин баробар қайд карда шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати...
Дар замони ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, ба хусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунанд.
Бо чунин ном имрӯз (17.10.2023) бо ташаббус ва ибтикори факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Конференсияи мазкур ба сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С. оғоз ёфта, зикр гардид, ки саноати ватанӣ неруи азими пешбаранда ва...
Имрӯз муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. бо докторантони Ph.D-и соли аввали донишгоҳ вохӯрӣ намуд. Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур дуруст ба роҳ мондани низоми таълиму тарбияи докторантони Ph.D мебошад. Дар вохӯрӣ масъалаҳои низоми таҳсилот, иҷрои дастур супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ, сари вақт анҷом додани корҳои илмӣ, ҳамзамон, такмил додани...
Бо унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ» дар пояи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат Шарифов Ҷ. ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ зимни сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки иқтисод яке аз пояҳои Истиқлоли...
Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров доир мегардад, соҳиб 5 ҷойи ифтиҳорӣ (1 ҷойи 1-ум, 1 ҷойи 2-юм ва 3 ҷойи 3-юм) гардида, бо ифтихонома ва туҳфаҳои моливу хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Қобили қайд аст, ки...
Имрӯз дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе даври шаҳрии ду озмуни ҷумҳуриявӣ - «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ва ««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» ҷамъбаст гардида, ғолибон аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Бояд гуфт, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии...

Эълонҳо