• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 64
Имрӯз (05.04.2023) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Хирадманд» бо иштироки доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баргузор шуд. Дар маҳфил устодону донишҷӯёни равияҳои илмҳои дақиқ иштирок намуданд. Маҳфил бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Мавсуф дар...
Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо муовини сафири Давлати шоҳигарии Тайланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Оратай Пхубунлап Гунасийлан мулоқот намуд. Дар оғоз ректори донишгоҳ оид ба зарфияти илмию таълимӣ донишгоҳ ва ҳамкориҳои он бо муассисаву марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар суханронӣ намуд. Зимни мулоқот хонум Оратай Пхубунлап Гунасийлан дар...
Имрӯз (03.04.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати донишгоҳ ва бахши кор бо духтарон ва занон дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030», бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии «Зан-сарвар» гузаронида шуд.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамарӯза дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ зиёд гардида, онҳо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ пайваста қадрдонӣ мегарданд. Имрӯз (01.04.2023) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ аз ҷониби раиси Шуро, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зумрае аз дастовардҳои илмию таълимӣ ва ғолибияти устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию...
Бо мақсади муайян намудани вазъи таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аттестатсияи давлатӣ гузашт. Бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд Сафар ҷалассаи васеи устодону кормандон оид ба баррасии натиҷаи аттестатсияи давлатӣ доир...
Имрӯз дар толори калони Донишгоҳи миллӣ Комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)): раиси комиссия — Косов Владимир Николаевич - доктори илмҳои физикаю математика, профессори Донишгоҳи миллии педагогии Қазоқистон, ҳамоҳангсози Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг – Назирова Гулфия Ривкатовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, менеҷери лоиҳа оид ба ташкили комиссияҳои экспертии берунии Агентии...
Имрӯз ватани азизи мо бо сулҳу субот пешрафт дорад. Мо намегузорем, ки бегонагон оромии кишвари моро халалдор созанд. Халқи мо бо фарҳанги волои хеш машҳури дунё гаштааст. Аз ин рӯ, ҳифзи фарҳанги ниёгон, дастовардҳои замони соҳиистиқлолӣ ва ҳифзи сулҳу суботи кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як мост. Ин нукта имрӯз зимни вохӯрии...
Имрӯз (30.03. 2023) курси таълимии «Сарварон (лидерҳо)-и сиёсӣ» -и Донишгоҳи миллӣ бо ҳузури Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Сипас муҳтарам Азим Иброҳим дар робита ба мавзуъҳои ҷавонон, идеологияи созанда ва низоми идоракунии давлати муосир суханронӣ намуд.
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллӣ тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намудааст. Бо ин мақсад имрӯз (29.03.2023) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии...
Тавре иттилоъ дода будем, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллӣ ва ташаббуси мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Бухориев Абдулазиз, инчунин, устодони кафедраи мазкур ва клуби варзишии донишгоҳ миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардид. Ғолибон аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ...

Эълонҳо