• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 8
Таҳти ин унвон имрӯз (01.06.2024) бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва устодону кормандон иштирок намуданд. Дар оғоз муовини ректори Донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. суханронӣ намуда, кулли иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба...
Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат”- ро барои муваффақияти навбатияшон самимона табрик намуда, дар самти омодагиҳо ба даври шаҳрии озмуни мазкур тавсеаҳои судманд дод. Ҳамзамон, донишҷӯи курси 3 – юми факултети ҳуқуқшиносӣ Тоҳирӣ Шукронаро барои ғолибият дар Озмуни ҷумҳуриявии "Донишҷӯи соли 2024" самимона табрик намуда,...
Имрӯз (31.05.2024) дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Мулоқоти Пешвои муаззами миллатбо аҳли илм ва маорифи кишвар дирӯз дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбебо иштироки олимону зиёиён ва намояндагони...
Муҳтарам олимону донишмандон! Ҳозирини гиромӣ! Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид. Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин,...
Имрӯз (29.05.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эй ватан, сарҳади ту – сарҳади имони ман аст» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ меҳмонон аз сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ, сущассилини Донишкадаи олии сарщадии КДАМ, Гимназияи щарбии ворисони “Куруши Кабир”, ҳайти устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок...
Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, ки дар натиҷа самти муносибатҳои хориҷии мамлакат тараққӣ карда, ба сатҳи зарурӣ расонида шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар доираи сиёсати “Дарҳои кушод”-и кишвар пайваста кӯшиш мекунад, то ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо макотиби олии мамлакатҳои хориҷа тақвият...
Ҳамасола якшанбеи охири моҳи май ҳамчун Рӯзи кимиёгарон таҷлил карда мешавад. Имрӯз (25.05.2024) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети химияи Донишгоҳи миллӣ Рӯзи касбии кимиёгарон (химикон) бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Бояд гуфт, ки Рӯзи химикон аввалин маротиба соли 1960 ҳамчун ҷашн қабул карда шуд. Сабаби асосии таҷлили Рӯзи химикон аз...
Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- ро барои муваффақияти навбатияшон самимона табрик намуда, дар самти омодагиҳо ба даври шаҳрии озмуни мазкур тавсеаҳои судманд дод. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шомансури шаҳри Душанбе дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон...
Имрӯз дар ҳошияи сиёсати моливию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Механизмҳои молиявию қарзии татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ташаббусҳои Пешвои миллат» доир гардад. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва устодону кормандони Донишгоҳ иштирок намуданд. Ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар...
Бо ҷонибдорӣ аз иқдоми навбатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон – эълон гардидани рӯзи 25-уми май - Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ роҳандозӣ шуд ва аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид қатънома қабул шуд, бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ як қатор чорабиниҳои...

Эълонҳо