• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 7
Имрӯз (19.06.2024) дар доираи сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисоди рақамӣ ва танзими равандҳои демографӣ» доир гардид. Дар ҳамоиш меҳмонон аз сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ иштирок намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи нишаст суханрониҳо намуданд. Ҳамоиш бо...
Имрӯз (14.06.2024) дар доираи эълон гаштани соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар густариши маърифати ҳуқуқии ҷомеа» баргузор гардид. Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар оғози конференсия меҳмонон аз сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ, аз...
Имрӯз дар тоираи ҳамкориҳои мутақобиланд судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Тайланд муовини сафири Давлати шоҳигарии Тайланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Оратай Пхубунлап Гунасийлан ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, ба роҳбарияти бахши робитаҳои байналмилалӣ ва масъулини Донишгоҳ мулоқот намуд. Дар оғоз намояндагони Донишгоҳ оид ба зарфияти илмию таълимии Донишгоҳ ва ҳамкориҳои он бо муассисаву марказҳои...
Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мусохон Ғаниев дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо - 2024 сазовори медали тилло гардид. Мусохон Ғаниев - донишҷӯи курси 2- юми факултети ҳуқуқшиносӣ буда, дар Чемпионати Точикистон оид ба ҷудо, ки санаи 8-9 - уми июн дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гашт!
Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат «Устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузоранд». Эмомалӣ Раҳмон Ҷойгоҳи илм дар истеҳсолот ва ҷомеа
Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии "Зан-сарвар" ба роҳ монда шудааст, ки дар курси мазкур бахши кор бо духтарон ва занони факултетҳо ва зиёда аз 100 нафар донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳо шомил мебошанд. Ҳадаф аз ташкилу баргузории курси омӯзишии «Зан-сарвар», пеш аз ҳама, амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар...
Имрӯз (05.06.2024) дар намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист - 5-уми июн доир гардид, устодону кормандони Донишоги миллӣ, аз ҷумла устодони факултети биология иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар намоишгоҳ дастовардҳои Парки технологии Донишгоҳ ва факултети биология пешкаши меҳмонон ва тамошобинон гардонида шуд. Бояд гуфт, ки дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист...
Имрӯз (04.06.2024) дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо докторантони Ph.D-ии Донишгоҳ ва роҳбарони илмии онҳо, инчунин, мутасаддиёни раёсат ва садорати факултетҳо баргузор гардид. Ибтидо, ректори Донишгоҳ дар...
Бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри солимӣ, тандурустӣ ва муттаҳидии устодону кормандон, инчунин, донишҷӯёну муҳаққиқон чораҳои муҳимми тарбиявию маърифат гузаронида мешавад. Чорабиниҳои варзишӣ аз ҷумлаи онҳост, ки баҳри дӯстию муттаҳидӣ мусоидат менамояд. Боиси шодмонист, ки имсол бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ Рӯзи 25-уми...
Тавре иттилоъ дода будем, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар доираи Моҳвораи ҷавонон миёни устодону кормандон, сохторҳои марбутаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ташкил гардида буд. Мусобиқа аз 11.05 то 03.06.2024 дар Маҷмааи варзишии Шаҳраки донишҷӯён доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур 21 даста иштирок намуда, дирӯз...

Эълонҳо