Илму маърифат маҳаки асосии ташаккули ҷомеаи инсонӣ буда, аз замони пайдоишашон то имрӯз масъулияти арзишофаринӣ, созандагӣ ва такомулдиҳандагиро ба дӯш доранд. Аз ҳамин лиҳоз, рушду инкишофи илму маърифат ва дар маҷмуъ, фарҳангу маънавиёт дар ҳама давру замон дар маркази таваҷҷуҳи аҳли назар ва подшоҳону сиёсатмадорон қарор дошта, ҳамагӣ баҳри ташаккули он кӯшидаанд. Мақсади равшанфикрону сарварони сиёсӣ тавассути рушди илму фарҳанг бунёди ҷомеаи мутамаддин ва бадин васила таъмини осоиштагии мардум мебошад. Ин муносибат гувоҳи он аст, ки дар ҳама марҳилаҳои тараққиёти ҷомеа масъалаи мазкур муҳимму арзишманд буда, дар аксари низомҳои сиёсӣ (ғайр аз низомҳои таассубии динӣ) рушди фарҳангу маънавиёт мақоми марказиро ишғол мекунад. Агар ба таърихи ҷомеаи башарӣ назар афканем, вобастагии ташаккули бонизоми фарҳангу маънавиётро аз сиёсати шоҳону сиёсатмадорон ва низомҳои давлатдорӣ бараъло мушоҳида менамоем. Масалан, фаъолияти хирадмандонаи шоҳони Сосониву Сомонӣ боис гардид, ки шаҳомати миллати тоҷик ҳамчун мардуми фарҳангпарвару фарҳангофар шуҳрати ҷаҳонӣ касб намояд. Таъсиси фарҳангистони Гунди Шопур, мактаби Нисибин, ҷараёнҳои мухталифи илмию фалсафӣ дар асрҳои миёна, китобхонаи Савонеҳ-ул-ҳикмат ва монанди инҳо ҳамагӣ аз рушди маънавиёти миллати тоҷик ва шароити мусоиди низомҳои сиёсии давр дарак медиҳанд.
Хушбахтона, бо касби истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Певои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик маҷрои мувофиқи худро пайдо намуд ва ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки бо вуҷуди душвориҳои зиёди иқтисодиву сиёсӣ роҳбарияти олии Тоҷикистони навин талоши ҷиддӣ баҳри инкишофи фарҳагу маънавиёт карда, ҳамасола тақвияти ин соҳаро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор медиҳад. Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2001 зимни вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар фарҳангро “ҳастии миллат” номида, дастгирии ҳамешагии худро аз ин арзиши олӣ иброз дошта буд. Илова бар ин, дар тамоми суханрониҳояшон аз раванди ташаккули бонизоми маънавиёт ва фарҳанги ҷомеа изҳори хушҳолӣ намуда, тақвияти соҳаро баҳри боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва маърифатпарвар гардидани миллат таъкид менамоянд. Аз ҷумла, Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21.12.2021 ироа гардид, гувоҳӣ аз он дод, ки Сарвари хирадпешаи тоҷикон аз ҳама масоил дида ба рушди маънавиёти ҷомеа таваҷҷуҳи зиёдтар доранд. Дар Паём таъкид доштанд, ки: “…бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Бешак, сармоягузорӣ дар самти тарбияи инсон ва ба камолоти маънавӣ расонидани он, иқдоми беҳтаринест, ки пояндагии миллату давлатро таъмин намуда, миллату давлатро муаррифӣ месозад. Комилан дуруст аст, ки инсони тарбиятдида ва донишманд созандаи имрӯзу фардо ва рушанкунандаи роҳи ояндагон ҳаст.
Мусаллам аст, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мазмунан мукаммал ва бо шарҳу баёни муфассали вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ пешниҳод мешаванд, вале якрангу яксохт нестанд. Ҳамасола Паём бо методологияи нав ва мувофиқ ба вазъ ва ҳолати ҷомеа баён мегардад. Ба ибораи дигар, Паём чун дастур ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз, таҳрики ангеза ва такони бедории маънавию фарҳангии ҷомеа, мояи тафаккур ва андешаи солим ҷиҳати эҷодкорӣ, рушду нумӯ ва ободию ободкориест, ки ҳамнаво бо набзи ҷомеа мебошад.
Муҳимтарин нукта дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ руҷӯи такрории Президенти мамлакат ба “омили муҳимтарини тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих” будани фарҳанг буд. Бо назардошти ҳамин муҳиммият, Президенти муҳтарами кишвар таъкид намуданд, ки: “Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад”. Албатта, ҳақ ба ҷониб аст, ки инсон дар ҳар рӯҳия ё муҳити фарҳангие ба воя расад, бо ҳамон таассурот фаъолияти худро роҳандозӣ менамояд. Таваҷҷуҳи камтар ба арзишҳои олитарини фарҳанги миллӣ дар оила, мактаб ва ҷомеа омили муҳимтарини майли насли наврас ба бегонашавию бегонапарастӣ ва рушди таассубу хурофот мегардад. Аз фазои нопурраи фарҳангӣ, тарғиби арзишҳои маънавию фарҳангии миллӣ, нашинохтани моҳият ва хусусияти он арзишҳо истисфода намуда, гурӯҳҳои ифротӣ мақсадҳои муғризонаи худро дар ҷомаи дину мазҳаб ва ахлоқи динӣ тавассути ВАО ва воситаҳои дигари техникӣ таҳмил менамоянд. Пешвои миллат ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои душманони миллату давлат ва раҳоии ҷомеаи тоҷикистонӣ аз бегонашавӣ, иқдомҳоеро рӯйи даст гирифтааст, ки ҳамагӣ шоёни пуштибонӣ ҳастанд. Аз ҷумла, таъкид менамоянд, ки: “Дар низоми омӯзишии кишвари мо бояд, дар баробари инкишофи илмҳои дақиқ ва фарҳанги техникӣ, ба арзишу аҳаммияти илмҳои ҷомеашиносӣ низ эътибори зарурӣ дода шавад, зеро ин илмҳо нерӯи мафкурасоз буда, ба тарбияву парвариши ахлоқ ва маънавиёти инсон ва ҷомеа мусоидат менамоянд”. Воқеан ҳам, агар мафкураи мардум ҷониби созандагиву бунёдкорӣ, инсондӯстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу сарзамини худ ва худшиносиву худогоҳӣ равона карда нашвад, содиқияти мутахассис ба Ватану миллат зери суол меравад. Илмҳои гуманитариву иҷтимоӣ, ки ҳамагӣ ба шинохти табиату моҳият ва фаъолияти ҷамъиятии инсон равона шудаанд, дар самти нерубахшии мафкураи аъзоёни ҷомеа, шиносонидани моҳияти ҳастии инсон, масъулиятҳои фардиву ҷамъиятӣ, бузургдошти фарҳангу маънавиёт ва худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши муассир доранд. Таъкиди дигари Пешвои миллат дар маврди он, ки: “Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоста иҷро намоянд”, низ саривақтӣ ва бунёдӣ мебошад. Албатта, донишмандони муосирри моро зарур аст, ки арзишҳои фарҳагии гузаштаро бо назари интиқодӣ ва методологияи муосири илмӣ ба риштаи таҳқиқ кашида, ҳусну қубҳи онҳоро муайян ва ҷанбаъҳои созандаи онро барои ҷомеа пешниҳод намоянд. Президенти муҳтарам дуруст ёдрас мешаванд, ки: “Дар осори пурқиммати гузаштагонамон метавонем ҳазорон панду андарзро пайдо намоем, ки дар онҳо ахлоқи ҳамидаи инсон, эҳтиром гузоштан ба падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо таъкид шудааст”. Воқеан, фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик дорои нодиртарин гавҳарҳои инсонсоз ва маданиятофар ҳаст, ки арзишашон то кунун пойбарҷост. Агар, муҳаққиқи муосир тавонад ин арзишҳои нодирро дар ҳамоҳангӣ бо тафаккури муосир матраҳ намуда, баҳри ташаккули бонизоми ҷомеа пешниҳод ва мавриди амал қарор диҳад, масъулияти касбиву инсонии хешро иҷро мекунад. Ба маънии дигар, нақши мутахассисони риштаи инсоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ аз ҳарвақта дида имрӯз муҳимтар гардидааст, зеро таҳоҷумҳои зиёди ақидативу мафкуравӣ тавассути шабакаҳои иттилоотиву иҷтимоӣ ҳар лаҳза дар ҳоли афзоиш ҳастанд, ки танзими онҳо тавассути мақомотҳои қудративу назоратӣ имкониян надорад. Дар ин самт, касе метавонад муваффақ шавад, ки ба шуури насли муосир таъсир расонида, мафкураи онҳоро ба самти дуруст равона созад.
Пешвои миллат дар муроҷиат ба аҳли таҳқиқ ва равшанфикрон таъкид менамоянд, ки: “Мо бояд кӯшиш намоем, ки сатҳи маърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро баланд бардорем, онҳоро бо фарҳанги халқҳо ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон ошно созем, дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ва эҳтиром нисбат ба инсон тарбия намоем ва нагузорем, ки дар ҷомеаи мо падидаҳои шовинизми милливу динӣ ва амалҳои зишти ғайриинсонӣ зуҳур кунанд”. Дар таъсирпазирӣ аз андешаи фавқ, моро зарур аст, ки ченаки муносибатҳоро, на аз дидгоҳи қавмиву нажодӣ ва диниву мазҳабӣ, балки “инсон будан” интихоб намуда, ҷомеаро дар руҳияи инсондӯстӣ ва пазириши арзишҳои фарҳангии умумибашарӣ тарбият намоем. Инсони муосир, ки дар равади пурталотуми глобализатсионӣ қарор дорад ва ҳар лаҳза дар гирдоби информатсионӣ ғутавар мегардад, нахуст бояд дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва қобилияти шинохти моҳияти ҳамагуна ахборот ва арзишҳоро дошта бошад. Танҳо дар ин маврид метавонад, роҳи мувофиқи фаъолиятро пайдо намуда ҳамчун шахсияти созанда (на сӯзанда) ба ҷомеа ворид шавад.
Мақсади Пешвои миллат аз “эҳтиром нисбат ба инсон” инсони муосирест, ки мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ, забондон ва мафкураи созандагӣ дошта бошад. Ба хотири тарбияи чунин насл, нахуст шавқу завқи илмомӯзӣ, фарҳангсолорӣ ва маърифатпешагӣ метавонад маҳаки асосӣ бошад. Дар ин самт низ иқдомҳои Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзишманд ва сазовори таҳсин мебошанд. Тавре ки Пешвои миллат дар Паёмашон ёдрас шуданд: “Ҳадафи мо аз аз баргузории озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олипиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад”. Бешак, натиҷаи иқдомҳои Сарвари давлат дар самти ҷалби мардум ба маърифатпарварӣ ба таври возеҳ эҳсос мешаванд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки баргузории озмунҳои зикршуда боиси кашфи чандин истеъдодҳо ва чеҳраҳои нави фарҳангӣ гардида, маҷрои мафкуравии ҷомеа самти мувофиқ пайдо кард. Худи Пешвои миллат ёдрас шуданд, ки: “Тавре мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем”. Ҳидояти Президенти муҳтарами кишвар дар самти дастгирии насли соҳибистеъдоди миллат ба ҳама сохторҳои ҷомеа иқдомест, ки амалишавии он метавонад дар муҳлати кутоҳтарин Тоҷикистонро ба кишвари мутамаддин табдил диҳад. Месазад, ки аҳли ҷомеаи мо бо нияти пок ва холисона ба нафарони боистеъдод муносибат намуда, кӯмаки беғаразона дар равнди тарбияи онҳо расонем. Агар, ҳар шахси масъул касбият ва соҳибистеъдодии ҷавони имрӯзаро меъёри асосӣ ҳангоми ҷобаҷогузории кадрҳо интихоб намояд, шахсияти комилу масъулиятшинос ва ғамхори халқу миллати хеш мебошад.
Хулоса, Паёми навбатии Пешвои миллат санади арзишмандест, ки аз ҳар қисмати он метавон чандин нуктаҳои ҳидояткунандаву водоркунандаро пайдо намуд. Муҳимтарин хусусияти ин Паём он аст, ки тарбияи инсон, сармоягузорӣ дар самти камолоти маънавиву маърифатии он, созандагиву бунёдкории инсон дар тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд. Дар маҷмуъ, Пешвои миллат фарҳангу маънавиётро ҷавҳари асосии такондиҳандаи ҷомеаи тоҷикистонӣ номида, амалигардии ҳадафҳои дигари давлатиро низ ба инсони бофарҳангу масъулиятшинос вобаста медонад. Месазад, ки ҳамагон пайи амалигардии вазифаҳои гузошташудаи Президенти муҳтарам дар самту масъулиятҳои ба дӯшдоштаамон содиқона камари ҳиммат баста, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат хизмат намоем.