ТАШКИЛИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ БАҲРИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН

320

Имрӯз (03.04.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати донишгоҳ ва бахши кор бо духтарон ва занон дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030», бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии «Зан-сарвар» гузаронида шуд.

Ифтитоҳи курси мазкур бо иштироки ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. баргузор гардид. Мавсуф дар оғоз мухтасар перомуни аҳамияти гузаронидани курсҳои таълимии мазкур ва ҳадафи он сухан намуда, зикр намуд, ки баргузории курси мазкур ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, инчунин, фаъолгардонии онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.

Сипас, ректори донишгоҳ дар мавриди сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба занону бонувон ва дастгирии ин қишри ҷомеа аз ҷониби Пешвои муаззами миллат суханронӣ кард. Таъкид карда шуд, ки ки роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқукию сиёсӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, мусоидат ба рушди ҳаракати илмиву сиёсӣ ва ҷамъиятии духтарон, саҳми ҷавондухтарон дар пос доштани арзишҳои миллӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, таҳамулпазирӣ ва инсондӯстӣ курси омӯзишии «Зан-сарвар»-ро дар донишгоҳ бароҳ мондааст, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ даъват шуда, барои шунавандагони курси мазкур дар партави мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату вохӯриҳо баргузор менамоянд.

Дар зимн гуфта шуд, ки дар таърихи фаъолияти Донишгоҳи миллӣ аз заминаи сифр ташкил ва баргузор намудани чунин курси омӯзишӣ, аз сатҳи ҳуҷҷатгузорӣ то даъвати занони соҳибмақом дар сатҳи давлатдорӣ маротибаи аввал аст.

Ректори донишгоҳ дар қисми дигари суҳбат доир ба худшиносии фардию худшиносии миллӣ, масоили ватанхоҳиву ватандорӣ ва сарфакорию донишазхудкунии ҷавонон суханронӣ кард.

Ҳамзамон, ректори донишгоҳ аз фаъолияти донишҷудухтарони хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ ки дар соҳаҳои гуногун ба ҳайси мутахассисони варзида, роҳбари мақоми болоии идоракунӣ, вазиру раис, вакили Парламент, сиёсатшинос, ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ,  муҳандис, омӯзгор, ихтироъкор кору фаъолияти созгор доранду саҳми арзишманди худро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ гузошта истодаанд, ёдовар гашт.

«Итминони комил дорем, ки занону духтарони Донишгоҳи миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро идома медиҳанд»- таъкиддошт Ректори донишгоҳ.

 Дар охир ба чанде аз духтарони фаъол, ки дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки доштанд, ифтихорномаҳои донишгоҳ супорида шуд.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар донишгоҳ 998 нафар зан кору фаъолият менамоянд, ки аз ин 416-нафар омӯзгор ва 582 нафар корманд мебошанд. Аз ҳисоби духтарон бошад дар соли таҳсили 2022-2023 9512-нафар донишҷӯдухтар таҳсил менамоянд.