ТАЪЗИЯ: ҶОЙГОҲИ МОДАР БИҲИШТ БОД!

746

Дар ин дунёи гузарои пурфанду фиреб тамоми меҳру муҳаббат дар бастагӣ ба ниёзу манфиатҳо бунёд ёфтааст, танҳо падару модар муҳаббати беолоиш бар фарзанд ва дур аз ҳама гуна тамаъ доранд. Падару модар аз фарзанд чизе намехоҳанд, ба ҷуз хушбахтӣ дар ҳаёту номбардори оилаву миллат будан.

Модар зарра-зарра умри худро сарфи тарбияи фарзандон мекунад, ба ин гуна ки аз субҳи содиқ то шоми торик дар фикри фарзанд аст. Модар худ намехӯраду фарзандонро мехӯронад, худ намепӯшаду фарзандонро мепӯшонад ва тамоми дороии худро харҷи тарбияи хуб ёфтану ороста шудани фарзандон ба илму фарҳанги воло сарф мекунад. Даргузашти модари бузург, модари устоди меҳрубон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ аҳли Донишгоҳи миллиро андӯҳгин намуд.

Ҳар ки омад ба ҷаҳон аҳли фано хоҳад буд,

Он, ки пояндаву боқист, Худо хоҳад буд.

Марҳум аз ҷумлаи модарони муваффақе буд, ки дар нишебу фарози зиндагӣ фарзандонро дар рӯҳияи илмдӯстию ватанпарастӣ ба воя расонид. Ёди неки модари бузург, накухислат, хушсимо, хушгуфтору хушрафтор, тарбиятгари фарзандон ва нури хонадон ҳамеша дар дили дӯстону наздикон ва фарзандону пайвандонаш ҷовидон хоҳад монд.

Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ ба фарзандону наздикони марҳум, хусусан, ба устоди меҳрубон, академик Имомзода М.С., изҳори тасаллият намуда, барояшон аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонанд.

Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,

Аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.