• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 154
Имрӯз (09.11.2021) бахшида ба 144 - солагии аллома Муҳаммад Иқбол бо иштироки сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имран Ҳайдар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор гардид. Нахуст меҳмони олиқадр сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имран Ҳайдар аз Ганҷинаи ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, ки дар он нодиртарин дастхатҳо маҳфуз аст, дидан намуд. Сипас дар...
Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-6-уми ноябр бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини «Дзю-до» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур ҷавонон аз гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, ғолиби ҷайҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ донишҷӯи курси 1-уми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи...
Имрӯз (05.11.2021) дар оғози ҷаласаи васеи Шӯрои олимони ДМТ дастовардҳои чанде аз устодону кормандони донишгоҳ муаррифӣ ва зумрае аз устодон бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. устодони зерини донишгоҳро барои дастовардҳои назаррасашон самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуданд. БО «АЪЛОЧИИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»:  Мирзо Солиҳов –...
Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар робита ин санаи муҳимми таърихӣ дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, чунин чорабинӣ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо ташаббуси факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамоиши илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., садорати факултетҳо ва...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети геология масъалаҳои гуногуни илму таълим ва робитаҳои байналмилалию хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар нишаст таъкид шуд, ки ташкили шӯроҳои диссертатсионии миллӣ аз рӯйи ихтисосҳои геология ҳатмӣ буда, дар заминаи он ҷалби ҷавонони боистеъдод ба навиштани рисолаҳои илмӣ ба роҳ...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! 27-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Имсол барои ҷомеаи соҳибистиқлоли мо, хусусан, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли таърихист. Зеро дар ин...
Имрӯз (04.11.2021) бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли масъалаҳои амалӣ» доир гардид. Дар оғоз нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М., оид ба...
Дар заминаи иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Нақшаи кории шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 03.11.2021 маҷлиси тарбиявӣ бо донишҷӯёни курси 1-уми факултети химия баргузор гардид. Мақсад аз баргузории маҷлиси мазкур пеш аз ҳама ба баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои донишҷӯӣ, риояи фарҳанги...
Имрӯз (03.11.2021) тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҷиҳати татбиқ ва иҷрои бандҳои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» вохӯрии устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ доир гардид.
Дар доираи амалишавии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) истифодаи самараноки озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии факултет ва таҷдиди назар намудани шароити корӣ дар онҳо муҳим ва саривақтӣ мебошад. Вақти он расидааст, ки дар доираи ин ибтикороти Пешвои муаззами миллат табодули устодону донишҷӯёнро ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ...

Эълонҳо