• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 188
Имрӯз (09.12.2020) дар Қасри варзишии Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқа оид ба футболи хурд миёни устодону кормандони сохторҳои марбутаи донишгоҳ барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз гардида, қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи...
Имрӯз (7.12.2020) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои такмили низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент И.С. Шамсов оғоз ёфт. Мавсуф меҳмонон, ҳайати профессорону...
Санаи 03.12.2020 дар хобгоҳи №6-и ДМТ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати донишгоҳ вохӯрии мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои С., раиси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҷидзода Д., раиси Шӯрои кураторон И. Ашуров, сармутахассиси бахши мазкур М. Турсунова ва муовинони декан оид ба тарбия бо донишҷӯён доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони донишгоҳ доир ба назорати доимии омаду рафти донишҷӯён, риояи ҳатмии...
Аз 1-ум то 4-уми декабри соли ҷорӣ ХIII Ҳафтаи маорифи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бо назардошти вазъи эпидемикии баамаломада дар шакли онлайн баргузор гардид. Дар заминаи он конференсияи байналмилалии илмию амалии донишгоҳҳои СҲШ таҳти унвони “Донишгоҳи СҲШ: Мушкилиҳои ҷаҳонӣ ва имкониятҳо барои рушди устувор, то соли 2030” баргузор шуд. Дар ҷараёни нишастҳо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х....
Имрӯз (01.12.2020) бо ибтикори садорати факултети фарматсевтӣ бахшида ба Рӯзи байналмилаии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ/СПИД) чорабинии тарбиявӣ доир гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода С.М. оғоз ёфт. Мавсуф афзуд, ки таҷлили ин рӯз ба даврае рост омад, ки ҷаҳон дар вартаи бемории нав, яъне COVID-19 қарор дорад. ВИЧ/СПИД бемориест,...
Имрӯз (30.11.2020) бо мақсади шиносоии комил аз вазъи татбиқи шартномаҳо ва ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ҳамкорӣ Сафири фавқулодаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот анҷом дод. Дар оғози суҳбат ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмонро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва ҳайати...
Имрӯз (24.11.2020) бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар донишгоҳ ҳамоиши фарҳангӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, оид ба муҳим ва муқаддас будани Парчами давлатӣ суханронӣ намуданд. Сипас устоди факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ Д. Сангинов доир ба таърихи пайдоиш ва давраҳои гуногуни тағйирёбии...
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи...
Имрӯз (23.11.2020) таҳти ин унвон дар ДМТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Нахуст муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳусния Исҳоқӣ конференсияро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки «Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба...
Аз 5-ум то 21-ми ноябри соли ҷорӣ дар заминаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишӣ: «Танзими ҳуқуқӣ-сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он омӯзгорон аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, Коллеҷи омӯзгории шаҳр,...

Эълонҳо