• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 189
Имрӯз (21.11.2020) дар кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ дар мавзӯи «Нақши забоншиносии муқоисавӣ дар ташаккули забони тоҷикӣ» мизи гирди илмию назариявӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р.А. оғоз ёфт. Баъдан номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи мазкур О. Иқболов дар мавзӯи «Хусусиятҳои семантикии зарбулмасалу мақолҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» ва...
Имрӯз (16.11.2020) бахшида ба Рӯзи Президент – 16-уми ноябр дар ДМТ чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А. оғоз ёфт. Сипас устоди факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент И.Т.Маҳмудов дар робита ба Рӯзи Президент ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДМТ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ  Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам. 16-уми ноябр...
Идораи патентии Авруосиёгӣ (ИПАО) универсиадаи патентии авруосиёгиро тахти унвони «Назар ба оянда» бахшида ба 25-солагии ташкидоти патентии Авруосиёгӣ эъдон менамояд. Барои иштирок дар универсиада толибилмони муассисахои таълимӣ ва дигар шахсони ҳавасманди синну соли аз 18 то 25 сола (категорияи дуюми синусолӣ) даъват карда мешаванд. Универсиада дар шакли озмуни корҳои эҷодӣ (корҳое, ки дар онҳо натиҷаҳои эҷодиёти...
Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар робита ин санаи муҳим дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, чунин чорабинӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Конститутсия ва низоми ҳуқуқии муосири Тоҷикистон: алоқамандии илм, ҳуқуқэҷоднамоӣ ва амалия» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! 26-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Имсол барои ҷомеаи соҳибистиқлоли мо, хусусан, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли таърихист. Зеро дар ин сол мо 26-умин солгарди Конститутсияи кишварро таҷлил менамоем.  Фаромӯш набояд...
Имрӯз (05.11.2020) бо ташаббуси ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷиксуғурта” ва КВДС “Тоҷиксармоягузор” дар заминаи кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодӣ “Озмоишгоҳи таълимии молия ва суғурта” кушода шуд.       Дар кушодашавии озмоишгоҳ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ширкат намуда,...
Ҷилди 19-уми асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» нашр гардид. Асари мазкур аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанг барои рушду инкишофи маънавиёти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ бо...
Имрӯз (30.10.2020) дар таърихи навини Тоҷикистон як рӯзи таърихӣ буд. Мардуми шарифи кишвар тариқи телевизион ва радио маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд. Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари дигар сохторҳои ҷумҳурӣ тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар пахши мустақими маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд.
 Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Аз ҷониби мақомот дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмун мукофотҳои пуливу молӣ ва «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳо тақдим гардиданд. Дар миёни онҳо донишҷӯёни зерини Донишгоҳи миллӣ фаъолона иштирок намуда, ғолибони ҷойи аввал ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ҷойи 1-ум

Эълонҳо