Имрӯз раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ (марказаш дар Аморати Муттаҳидаи Араб) Аҳмад ибни Муҳаммат Ал-Ҷарвон, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудааст, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарият ва зумрае аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуд.
Раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммат Ал-Ҷарвонро ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва...
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фарҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» ва 65-умин солгарди фаъолияти факултети химия, ҳамзамон, 55-солагии кафедраи усули таълими химияи факултети мазкур дар мавзӯи «Истифодаи усулҳои муосири таълим дар муассисаҳои таълимӣ: мушкилот ва дурнамо» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон...
Ахбор
ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ ОЛИМПИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗМУНИ МИЛЛӢ ОИД БА ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСОНДӮСТӢ
18 октябри соли 2023 якумин Озмуни миллӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби сурх баргузор гардид. Дар озмуни мазкур дастаҳои олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон ва Россия, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин озмун Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро...
Таҳти ин унвон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дӯстӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар кори чорабинӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, намояндагони Ассотсиатсияи ҳамкории байналмилалии Русия ва сафоратхонаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои...
Ахбор
ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ 760 ДОНИШГОҲИ ОСИЁ БА ҚАТОРИ БЕҲТАРИН ДОНИШГОҲҲОИ ОСИЁ (401-450) ШОМИЛ ШУД
Ширкати британиягии рейтинги байналмилалии «Quacquarelli Symonds (QS)» рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Осиё— 2023 (QS World University Rankings: Asia 2023)-ро эълон кард. Тибқи радабандӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар байни якуним ҳазор донишгоҳ, ки аз ин 760 донишгоҳ ҳамчун донишгоҳи беҳтарин интихоб шуданд, дар қатори 401-450 донишгоҳи беҳтарин шомил шуд.
Дар шарҳи ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds...
Дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ бо ибтикори кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои гузариш ба системаи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамо” конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар нишаст намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии...
Дар асоси нақша - чорабиниҳои раёсати донишгоҳ имрӯз (18.10.2023) вохӯрии масъулини Донишгоҳ бо донишҷӯёни курси 1-уми факултетҳои механикаю математика ва таърих доир гардид.
Масъулини донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати сарфароз гардидан бо номи пуршарафи донишҷӯ табрик намуда, ҳамзамон дар ин баробар қайд карда шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати...
Дар замони ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, ба хусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунанд.
Бо чунин ном имрӯз (17.10.2023) бо ташаббус ва ибтикори факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Конференсияи мазкур ба сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С. оғоз ёфта, зикр гардид, ки саноати ватанӣ неруи азими пешбаранда ва...
Имрӯз муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. бо докторантони Ph.D-и соли аввали донишгоҳ вохӯрӣ намуд.
Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур дуруст ба роҳ мондани низоми таълиму тарбияи докторантони Ph.D мебошад. Дар вохӯрӣ масъалаҳои низоми таҳсилот, иҷрои дастур супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ, сари вақт анҷом додани корҳои илмӣ, ҳамзамон, такмил додани...