Имрӯз (28.09.2023) бо ибтикор ва ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 75-солагии фаъолияти ДМТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе мусобиқаи ҳарбӣ-амалӣ байни донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, зикр намуд, ки ҳамарӯза дар донишгоҳ...
Имрӯз намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии директори минтақавии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварданд.
Дар оғоз меҳмонон бо роҳбаладии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.
Сипас дар толори калони...
Имрӯз (27.09.2023) дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи рус самтҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки самти омӯзиши забони русӣ роҳҳои нави усули таълимро талаб менамояд ва лозим аст, ки дар заминаи факултет Синфхонаи лингофонӣ баҳри омӯзиши забонҳои русию англисӣ...
Имрӯз сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳаммад Фаҷрол Раҳман ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия баррасӣ гардид. Меҳмони олиқадр ҳадафи ташрифи худро таҳким бахшидани ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия...
Имрӯз (26.09.2023) дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаи стипендияи сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, сардори Раёсати муносибатҳои байналхалқии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ...
Дар доираи баргузории хонишҳои сиёсӣ ва дарсҳои ватандӯстӣ дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дарси сулҳи Пешвои миллат, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои...
Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрии навбатӣ бо устодону кормандони факултети геология фаъолияти сохторҳои мухталифи факултетро мавриди таҳлил қарор дод, иброз дошт, ки дар самти ташкили озмоишгоҳҳои муосир бари омӯзиши масъалаҳои геологӣ тадбирҳои тоза андешида шавад.
Муҳимтарин масъалаҳое, ки ректори донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус намуданд, ин навиштани мақолаҳои илмии тақризшаванда дар сатҳи байналмилалӣ, сари...
Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист. 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҳамасола ба ин муносибат дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоишҳои гуногунсатҳ доир мегардад.
Имрӯз (26.09.202З)...
Тавре иттилоъ дода будем, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни устодону кормандони донишгоҳ ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ миёни устодону кормандони донишгоҳ мусобиқаи варзишии валейбол раҳондозӣ гардид. Имрӯз дар вазъияти тантанавӣ дастаҳои ғолиб муаррифӣ ва ҳавасманд гардонида шуданд.
1.Дастаи раёсати донишгоҳ - ҷойи l;
Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Акнун, богузашти нимсолаи таҳсил силсилавохӯриҳои навбатӣ таҳия ва гузаронида мешаванд.
Имрӯз (25.09.2023) баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати судманди ректори донишгоҳ бо ҳайати...