(Аз ифтитоҳи Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ то насби камераҳои назоратии овозӣ)
Имрӯз (23.09.2023) дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо дастгирӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети биологияи донишгоҳ Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда кушода шуд. Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур...
Бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сермаҳсултарин шоири форсу тоҷик буд, ки мероси адабии ӯ таваҷҷуҳи аҳли адабро бештар ҷалб кардааст. Ҳамасола, санаи 22-юми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар аксар муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ ҳамоишҳои сатҳашон гуногун ташкил карда мешавад.
Ба ин муносибат...
(Чанд андеша дар ҳошияи рисолаи Саймумин Ятимов “Эҳёи миллат - бақои миллат”)
“Донаи гандуми зери хок намедонад, ки ӯ фардо - сабаби эҳёи зиндагӣ мешавад”
(Аз номаи Сервантес)
Ин рисолаи басо муҳимми илмӣ, ки муҳаррики баҳси пур аз эҳсосоти меҳанпарастӣ мебошад, қариб 25 сол дер иншо шуда аст....
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анъанаи некест, ки дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимон, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои самтҳои гуногуни донишгоҳро муаррифӣ ва бо туҳфаҳои хотиравию мукофотпулӣ қадрдонӣ менамоянд. Имрӯз чунин рӯйдоди хотирмон дар ҷаласаи васеи Шурои олимон доир гардид, ки чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.
Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иқдоми навбатӣ – хониши сиёсӣ дар донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Хониши навбатӣ бо иштироки ректори донишгоҳ ва роҳбарону корманодни сохторҳои гуногуни донишгоҳ сурат гирифт.
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба намояндаи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия дар сафорати Русия дар Душанбе Бурулко И.Е. ва мушовири сафорати мазкур Уколов М.В. ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва намояндагони сохторҳои дахлдори донишгоҳ мулоқот намуданд. Зимнан ҷонибҳо дар робита ба масъалаҳои гуногуни илмии дипломатӣ,...
ОЗМУН
барои корҳои беҳтарини инноватсионӣ байни хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти...
Дар заминаи Вохӯрии панҷуми машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ миёни ҷавонони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи даставӣ донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рамзиёрзода Саддам иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гардид.
Муборак бошад!
Аз санаи 12 сентябр то имрӯз (14.09.2023) Мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба ҳендбол байни писарон ва духтарон барои дарёфти "Ҷоми раиси шаҳри Душанбе" бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи варзишгарони Донишгоҳи миллӣ фаъолона иштирок намуда, дастаи духтарон сазовори ҷойи 2- юм ва дастаи писарон сазовори ҷойи 3 -юм гардиданд.