• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 45
Тавре иттилоъ додем, Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ Форум дар ду бахш идома дорад. Дар бахши аввал маърӯзаҳо дар самти «Тамоюлҳои таҳсилоти байналмилалӣ дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда: анъана ва инноватсияҳо» ва дар бахши дуюм суханрониҳо дар самти «Рушди ҳамкориҳои илмию педагогӣ ҳамчун омили ҳамгироии байналмилалӣ дар фазои таълимии бисёрфарҳангӣ» баррасӣ хоҳанд шуд.
Имрӯз (13.09.2023) Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Форум аз қабули меҳмонон ва тамошои дастовардҳои илмию таълимии зумрае аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Баъд аз қабули меҳмонон ва боздиди намоишгоҳ дар...
Дар доираи ҳамкории астрономҳои тоҷик бо Институти астрономияи Синзяни Академияи илмҳои Чин магистри курси дуюми кафедраи астрономияи факултети физика Шарифова Фарангис аз 15 то 26 август дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии халқии Чин дар мактаби тобистона аз рӯи барномаи «Central Asia radio-Astronomy Traninig Workshop» табодули таҷриба намуд. Дар ин мактаб ба ҷузъ намояндаи Тоҷикистон, инчунин, аз ҷумҳуриҳои Узбекистон...
Имрӯз (12.09.2023) бо ибтикори Консорсиуми «Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Аврупову Осиё», ки ДМТ яке аз муассисони он мебошад, ҷаласаи маҷозии «Мактаби байналмилалии мурофиаи судии ҷиноятӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ беш аз 25 олимони соҳаи мурофиаи ҷиноятии донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Россия ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат намуданд. Дар...
Дар доираи Панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 13 то 14-уми сентябр Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад. Дар замони ҷаҳонишавӣ бояд дар хотир дошт, ки донишгоҳҳо ва марказҳои таълимиро робитаҳои...
Икромзода Баракатуллои Неъматулло – донишҷӯйи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллӣ дар Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ иштирок намуда, дар вазни +71кг сазовори ҷойи аввал гардид. Икромзода Б.Н. баъд аз ғолибият ба Мусобиқаи ҷаҳонӣ роҳхат ёфт. Муборак шавад!
Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти намояндагони Донишгоҳи Шимолу Ғарбии сиёсат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Фан Чёли бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ буд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар оғоз меҳмононро ба вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ,...
Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 25010800-и факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадзода Султон Муҳаммад дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, дар ду номиннатсия, якум: "Qualifying Debate Tournament" ва дуюм: "National Debate League Grand Final 2023" иштирок намуда, дар ҳарду номиннатсия сазовори ҷои аввал гардида, бо Ҷоми олимпиада сарфароз гардид. Ҳамзамон, ба даври байналмилалии ин олимпиада роҳхат гирифт, ки...
Имрўз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин (роҳбари ҳайат - Ван Ю ) вохӯрӣ намуданд. Меҳмонони олиқадр ҳадаф аз мулоқоти худро ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни илму таълим, пажўҳиши муштарак дар бахшҳои замонавии илм, хусусан омўзиши забону фарҳанг ва технологияи муосир унвон намуданд.
Бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯи курси 2-юми факултети биологияи ДМТ Тимошенко Антон Владимерович ва корманди факултети физика Сафаров Сайфулло дар доираи лоиҳаи "Ташаббусҳои экологӣ" навгоние ташкил намуда, дар 2 деҳоти дурдасти ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Ш. Шоҳин ҳамчун ҳадя супориданд. Ин ҳам бошад лампаҳо бо панелҳои офтобӣ, ошхонаи параболии офтобӣ ва деги тезпаз...

Эълонҳо