• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 46
Имрӯз баъд аз роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва меҳмонон аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар ҷараёни чорабинӣ зумрае аз устодон бо медалу ифтихорномаҳои фахрӣ қадрдонӣ шуданд.
Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва қадрдонии устодону кормандон Имрӯз (08.09.2023) бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ифтихор аз ҷашни бузурги миллии давлатӣ - Истиқлол роҳпаймоии осоиштаи ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ доир гардид. Роҳпаймоӣ дар шоҳроҳи...
Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифта, баҳри самтҳои гуногуни таълим, аз ҷумла илмомӯзӣ ва ихтироъкорӣ шароити мусоидро фароҳам меоварад. Ихтирои донишҷӯёни донишгоҳ – Маҳноза Кабирова ва...
Табрикоти ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати 32-умин солгарди истиқлоли давлатӣ Имрӯз агар таърихи Истиқлоли давлатии мо зиёда аз се даҳсоларо фаро гирад, пас умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Ниёкони тоҷикон аз ибтидои таърих мардуми соҳибватан ва бунёдгари давлат буда, намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва...
Дар арафаи таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори ректори ДМТ дар факултети тиббии донишгоҳ барои беҳтар намудани самти таълиму тарбияи донишҷӯёни факултети мазкур синфхона ва озмоишгоҳҳои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Имрӯз зимни ифтитоҳи синфхонаю озмоишгоҳҳои нави таълимӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд. Зимни боздид аз синфхонаю...
Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар сатҳи донишгоҳ ва берун аз он таҳти унвони «Пешвои созанда ва иншооти сарнавиштсоз (НБО-и «Роғун»)баҳри қаламкашон озмун эълон менамояд. НИЗОМНОМАИозмуни ҷумҳуриявии «Пешвои созанда ва иншооти сарнавиштсоз (НБО-и «Роғун») 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 1. Озмуни ҷумҳуриявии «Пешвои созанда ва иншооти сарнавиштсоз (НБО-и «Роғун») (минбаъд: озмун)...
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва мусоидат ба ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад, ки донишҷӯёну кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сабқатҳои озмун дастболоанд. Имсол низ...
Дар доираи Форуми байналмилалӣ “Оид ба сиёсати устувор, мустақилияти бисёрвекторӣ ва технологӣ дар шароити муосир” бахшида ба 145 солагии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Томск дар шаҳри Томски Федератсияи Россия вохӯрии устодони Донишгоҳ, профессори факултети физика Хоҷазода Т.А. ва декани факултети химия Файзуллозода Э.Ф. бо ректори Донишгоҳи давлатии Томск, профессор Галажинский Эдуард Владимирович баргузор гардид. Қайд...
Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. Вале баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон забони модарии мо дар ҷомеа мақоми давлатӣ касб намуд. Имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5-уми...
Бо дастгирии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. профессори факултети физика Хоҷазода Т.А. ва декани факултети химия Файзуллозода Э.Ф. дар Форуми байналмилалӣ "Оид ба сиёсати устувор, мустақилияти бисёрвекторӣ ва технологӣ дар шароити муосир" бахшида ба 145 солагии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Томск дар шаҳри Томски Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ қайд карда шуд,...

Эълонҳо