• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 60
Аз санаи 25.04.2023 то имрӯз (27.04.2023) намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба иқтисод ва иҷтимоиёт, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодирзода Ф.А. дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони Авруосиё, ки таҳти унвони “Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеиятҳои нав” дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Рӯзҳои 26-27.04.2023 дар шаҳри Душанбе Чемпионати кушод оид ба чавгонбозӣ байни бонувон баргузор гардид, ки дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид. Ғолибият муборак!
Имрӯз (27.04.2023) дар ҷаласаи васеъи устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ натиҷаи Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм», ки бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «145-солагии бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ», «2023 – Соли забони русӣ» ва «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи...
Имрӯз бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи Ҳафтаи илм ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода ва олимону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок...
Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид. Дарси навбатиро номзади илмҳои таърих, дотсент Тоҷиддин Ғуломов гузаштанд. Мавсуф, афзуд,...
Имрӯз ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо директори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Трофимов С.В. ва директори иҷроияи филиали Донишгоҳи мазкур Р. Ғаниев вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов...
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон, тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаҳои рӯзонаи хатми соли таҳсили 2022-2023 дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ дар донишгоҳ гузаронида мешавад. Ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин амал имрӯз (26.04.2023) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии равияҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории сурат гирифт,...
Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯйи курси 3-юми факултети иқтисод ва идораи донишгоҳ Маҳбуба Маҳмудоваро барои дастоварди илмию таълимияш табрик намуд. Маҳбуба Маҳмудова дар Озмуни байналмилалии илмии донишҷӯён, ки дар шакли маҷозӣ бо ташаббуси Донишгоҳи муҳандисию омӯзгории Крим ба номи Февзи Яқубов баргузор гардид, таҳти роҳбарии муаллима Шарипова Хадича иштирок намуда, соҳиби дипломи...
Имрӯз ватани азизи мо бо сулҳу субот пешрафт дорад. Мо намегузорем, ки бегонагон оромии кишвари моро халалдор созанд. Халқи мо бо фарҳанги волои хеш машҳури дунё гаштааст. Аз ин рӯ, ҳифзи фарҳанги ниёгон, дастовардҳои замони соҳиистиқлолӣ ва ҳифзи сулҳу суботи кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як мост. Ин нукта имрӯз зимни вохӯрии...
Имрӯз (25.04.2023) бо ибтикороти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби маҳфили доимамалкунандаи “Сиёсатшиносони ҷавон” ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Мактаби давлатдории Пешвои миллат дарси бузургест барои ҷавонон” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо иштироки раиси Федератсияи...

Эълонҳо