• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 66
Имрӯз (15.03.2023) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии озмуни мазкур натиҷагирӣ шуд. Зимнан гуфта шуд, ки тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 5-ум то 25-уми феврали соли ҷорӣ озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо...
Дар доираи ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ" аз 13-ум то 15-уми марти соли ҷорӣ дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Санаи 13-уми март дар...
Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ" дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ифтитоҳи Форум аз тамошои дастовардҳои илмию таълимӣ ва инноватсионии Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт.
Дар доираи ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ" дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Имрӯз (13.03.2023) дар фазои дӯстона меҳмононро аз Ҷумҳурии Узбекистон...
13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави замонавӣ аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 нафар...
Имрӯз (13.03.2023) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии озмуни мазкур доир гардид. Зимни кушодашавии озмун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни...
Имрӯз намояндагони Хадамоти байналмилалии маорифи Малайзия таҳти роҳбарии раиси хадамот Абдуразоқ Аҳмад ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ретори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмию таълимии донишгоҳҳои Малайзия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронӣ намуда, барои мустаҳкам намудани равобити байналмилалӣ, омода намудани...
Бонувони довар аз Тоҷикистон – довари ФИФА Нодира Мирзоева, ҳамзамон, мураббии кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Донишгоҳи миллӣ ва ёвари довари ФИФА Дилшода Раҳмонова, ки ба рӯйхати доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд, бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни духтарони то 17-сола ва 20-соларо ҳакамӣ мекунанд. Доварони мо бозиҳои даври аввали интихобии Ҷоми Осиё-2024...
Паёми табрикии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи матбуот Ҳамдиёрони гиромӣ! Ҳамасола 11-уми март дар ватани азизамон - Тоҷикистон Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо - кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ табрик гуфта, ба...
Бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз вохӯрии ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети иқтисод ва идора доир гардид. Ректори донишгоҳ ба садорат ва устодони факултети мазкур дар самти дуруст ба роҳ мондани...

Эълонҳо