• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 67
Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 имрӯз (10.03.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид. Дарси аввалинро декани факултети таърих, доктори илмҳои таърих, профессор...
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили «Ҳамзамон» таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои матбуот» баргузор гардид, ки дар он рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аҳли нишастро...
Имрӯз (09.03.2023) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. дар доираи вохӯриҳо бо коллективи устодону кормандони донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети молиявию иқтисодӣ вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои фаъолияти илмию таълимӣ ва тарбиявию хоҷагидории факултет мавридӣ баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла қайд шуд, ки дар замони муосир таваҷҷуҳ ба самти иқтисод зиёд буда, устодону кормандони...
Ҷаҳони имрӯза ва ҳаёти инсониятро бе рушди илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва дастовардҳои он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар ва бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза рушду тараққиёти илми муосир ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои рушди тафаккури техникии насли наврас дар кишварамон...
Имрӯз (07.03.2023) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи вохӯриҳо бо коллективи устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ мулоқот намуда, як қатор масъалаҳои таваҷҷуҳи назарро мавриди баррасӣ қарор дод. Зимнан ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зикр намуд, ки дар замони муосир бе технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва фаъолияти инноватсионӣ,...
Дар тамоми давлатҳои мутамаддин ба соҳаи фарматсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони ҷавон дар омӯзиш ва таҳияи шакли дорувории ватанӣ ва илман асоснок намудани растаниҳои доругӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи дорусозӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, рушди истеҳсоли саноатии дору дар мамлакат метавонад, як ҷузъи муҳимми ҳадафи чоруми стратегии давлат...
Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт  ба муносибати Рӯзи модар Модарону хоҳарони азиз! Дар нахустин рӯзҳои баҳори оламафрӯз Шуморо ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям. Дар дунё муҳаббате бузургтар аз муҳаббати модар нест....
Субҳи имрӯз (06.03.2023) бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ чанд марказ ва озмоишгоҳҳои илмиву таълимӣ ифтитоҳ гардиданд. Зимни кушодашавии марказҳои илмию таълими садорати факултетҳо ва сохторҳои зертобеъи донишгоҳ иштирок доштанд. Зимни ифтитоҳи марказҳо иттилоъ дода шуд, ки дар таърихи факултет ин иқдоми аввалин буда, ҷиҳати беҳтар гардонидани...
Имрӯз (06.03.2023) фазои Донишгоҳи миллӣ фасли зебои сол – баҳорро мемонд. Бонувони донишгоҳ, аз ҷумла устодону кормандон ва донишҷӯдухтарон бо либоси баҳорӣ Рӯзи модар – 8-уми мартро истиқбол мегирифтанд. Бо ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба ин рӯз дар толори калони Донишгоҳи миллӣ чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.
Маҳфили ширу шакар бо Рӯдобаи Мукаррам Дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи модарон – 8-уми март маҳфили навбатии «Хирадманд» бо иштироки шоираи маҳбуб, бонуи муваффак, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам баргузор шуд. Дар маҳфил устодону донишҷӯён ва дӯстдорони шеър иштирок намуданд. Маҳфил...

Эълонҳо