• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 88
Ҷаҳони имрӯза ва ҳаёти инсониятро бе рушди илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва дастовардҳои он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар ва бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза рушду тараққиёти илми муосир ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои рушди тафаккури техникии насли наврас дар кишварамон...
Имрӯз (07.03.2023) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи вохӯриҳо бо коллективи устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ мулоқот намуда, як қатор масъалаҳои таваҷҷуҳи назарро мавриди баррасӣ қарор дод. Зимнан ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зикр намуд, ки дар замони муосир бе технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва фаъолияти инноватсионӣ,...
Дар тамоми давлатҳои мутамаддин ба соҳаи фарматсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони ҷавон дар омӯзиш ва таҳияи шакли дорувории ватанӣ ва илман асоснок намудани растаниҳои доругӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи дорусозӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, рушди истеҳсоли саноатии дору дар мамлакат метавонад, як ҷузъи муҳимми ҳадафи чоруми стратегии давлат...
Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт  ба муносибати Рӯзи модар Модарону хоҳарони азиз! Дар нахустин рӯзҳои баҳори оламафрӯз Шуморо ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям. Дар дунё муҳаббате бузургтар аз муҳаббати модар нест....
Субҳи имрӯз (06.03.2023) бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ чанд марказ ва озмоишгоҳҳои илмиву таълимӣ ифтитоҳ гардиданд. Зимни кушодашавии марказҳои илмию таълими садорати факултетҳо ва сохторҳои зертобеъи донишгоҳ иштирок доштанд. Зимни ифтитоҳи марказҳо иттилоъ дода шуд, ки дар таърихи факултет ин иқдоми аввалин буда, ҷиҳати беҳтар гардонидани...
Имрӯз (06.03.2023) фазои Донишгоҳи миллӣ фасли зебои сол – баҳорро мемонд. Бонувони донишгоҳ, аз ҷумла устодону кормандон ва донишҷӯдухтарон бо либоси баҳорӣ Рӯзи модар – 8-уми мартро истиқбол мегирифтанд. Бо ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба ин рӯз дар толори калони Донишгоҳи миллӣ чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.
Маҳфили ширу шакар бо Рӯдобаи Мукаррам Дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи модарон – 8-уми март маҳфили навбатии «Хирадманд» бо иштироки шоираи маҳбуб, бонуи муваффак, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам баргузор шуд. Дар маҳфил устодону донишҷӯён ва дӯстдорони шеър иштирок намуданд. Маҳфил...
Санаи 2-юми март дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар заминаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Анҷумани 15-уми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё баргузор гардид. Дар кори Анҷуман роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонуфуз аз давлатҳои АвруОсиё ширкат доранд. Дар Анҷуман аз муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, хусусан намояндагони ДМТ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода...
Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни онҳо, ҳамбастагии ҷавонон, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ баррасӣ гардиданд.
Имрӯз (02.03.2023) дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи акушерӣ ва гинекологии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи умумидонишгоҳии илмию амалӣ дар мавзӯи «Бемориҳои саратонии узвҳои ҷинсии занон» баргузор гардид. ар кори конференсия сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р., и.в. декани факултети тиббӣ Иззатуллоев А., профессори кафедраи акушерӣ ва...

Эълонҳо