• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 89
Имрӯз (02.03.2023) дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи акушерӣ ва гинекологии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи умумидонишгоҳии илмию амалӣ дар мавзӯи «Бемориҳои саратонии узвҳои ҷинсии занон» баргузор гардид. ар кори конференсия сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р., и.в. декани факултети тиббӣ Иззатуллоев А., профессори кафедраи акушерӣ ва...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети таърих самтҳои гуногуни фаъолияти он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба устодони факултет дар самти иштироки фаъол дар озмунҳо, нашри васоити таълимӣ, дифои рисолаҳои илмӣ, истифодаи дурусти тахтаҳои электронӣ, омода намудани кадрҳои донишманд, иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои...
Институти илмию таҳқиқотии ДМТ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои илмию амалиро бо донишгоҳҳои беруни кишвар ба роҳ мондааст. Имрӯз (01.03.2023) бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бузурги таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, дар баробари омода намудани кадрҳои илмӣ, инчунин, кадрҳои омӯзгорӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва миёнаи касбӣ саҳми арзанда дорад. Бо ин мақсад дар доираи нақша-чорабиниҳои шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз (01.03.2023) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрии муовини...
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анъанаи некест, ки дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимон, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои самтҳои гуногуни донишгоҳро муаррифӣ ва бо туҳфаҳои хотиравию мукофотпулӣ қадрдонӣ менамоянд. Имрӯз чунин рӯйдоди хотирмон дар ҷаласаи васеи Шурои олимон доир гардид, ки чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.
Имрӯз бо ташаббуси раёсати ДМТ дар пояи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар омӯзиши масоили мубрами таърихи халқи тоҷик" мизи мудаввар баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз гардид. Ректори донишгоҳ қайд карданд, ки Пешвои миллат бо навиштани осори ба таърихи халқи тоҷик бахшидаи хеш консепсияи нави омӯзиши...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети биология самтҳои гуногуни фаъолияти он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба устодони факултет дар самти ташкили гурӯҳҳои русию англисӣ дар заминаи ихтисосҳои факултети биология, ташкили бойгонӣ дар назди факултет, нашри васоити таълимӣ,...
Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба обу иқлим: «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» хеле муҳим ва саривақтианд. Иқдомҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати...
Дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ чунин вохӯрӣ бо коллективи факултети муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолияти шашмоҳаи самтҳои таълим, илм, тарбия ва муносибатҳои байналмилалии факултет ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифта, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас...
Имрӯз (25.02.2023) вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети фалсафа доир гардид. Дар вохӯрӣ самтҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки коллектифи факултет дар самти пеш бурдани корҳои идеологӣ, аз ҷумла дар робита ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти...

Эълонҳо