• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 15
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо муовинон, садоратҳо, мудирони кафедраҳо ва масъулони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъалаҳои интизоми меҳнат, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ҷараёни таълим, назорати санадҳои сессияи санҷишию имтиҳонӣ, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо, назорати дарсҳо, фаъолияти омӯзгорон, корбарии самти тестҳо...
Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ, тоҷикӣ...
Имрӯз дар доираи ҳамкориҳо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. мулоқот намуд. Зимнан ректори Донишгоҳ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалин кишварҳое маҳсуб меёбад, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати хешро дар Душанбе ифтитоҳ намуд....
Имрӯз (26.03.2024) дар Донишгоҳи миллӣ дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” аз 18-уми марти соли ҷорӣ, таҳти рақами 795, инчунин, иштироки фаъоли устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар чорабинии фарҳангии “Карнавали наврӯзӣ” ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарияти сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва зумрае аз устодону кормандони факултетҳои иқтисодии...
Имрӯз дар боғи Ирами шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали "Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ" доир гардид. Дар Фестивали имрӯза намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмону ташкилотҳои муқимии шаҳри Душанбе, муҳаққиқону коршиносон, мақомоти...
Имрӯз (19.03.2024) дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон раиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба зумрае аз устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дипломҳои докторию номзадӣ супориданд. Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимни суханронӣ...
Аз таърих маълум аст, ки яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ин баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мебошад. Ба ин муносибат бо ибтикори ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ миёни донишҷӯёни факултетҳо мусобиқаҳои шоҳмот ва гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар рафти баргузории мусобиқаҳои мазкур устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолона...
Имрӯз(19.03.2024) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Насими баҳорӣ, фазои идонаи Донишгоҳ ба дили устодону донишҷӯён фараҳу шодӣ бахшид. Дар саҳни Шаҳраки донишҷӯён аз ҷониби садорати факултетҳо, Литсейи табиию риёзӣ ва Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди донишгоҳ...
Имрӯзҳо бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии "Зан-сарвар" ба роҳ монда шудааст. Дар маҳфили навбатии “Зан - сарвар” бахши кор бо духтарон ва занони факултетҳо ва донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳо иштирок намуданд. Дар маҳфил номзади илмҳои педагогӣ, дотсентАълочии маорифи Тоҷикистон Латофат Назирӣ иштирок намуда, бо донишҷӯдухтарон дар боби масъалаҳои муҳимми илмию таълимӣ суханронӣ...
Имрӯз (18.03.2024) бо мақсади риояи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳошияи баргузории Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Дар ҳамоиш зикр гардид, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои...

Эълонҳо