Имрӯз
(05.11.2021) дар оғози ҷаласаи васеи Шӯрои олимони ДМТ дастовардҳои чанде аз
устодону кормандони донишгоҳ муаррифӣ ва зумрае аз устодон бахшида ба 27-умин
солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Ректори
донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. устодони зерини донишгоҳро барои дастовардҳои
назаррасашон самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо
таманно намуданд.
БО
«АЪЛОЧИИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»:
Мирзо Солиҳов –...
Ҳамасола
6-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҷлил карда мешавад. Дар робита ин санаи муҳимми таърихӣ дар сохторҳои
гуногуни донишгоҳ чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, чунин
чорабинӣ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо ташаббуси факултети ҳуқуқшиносӣ
ҳамоиши илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш
бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода
Қ.Х., садорати факултетҳо ва...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети геология масъалаҳои гуногуни илму таълим ва робитаҳои байналмилалию хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар нишаст таъкид шуд, ки ташкили шӯроҳои диссертатсионии миллӣ аз рӯйи ихтисосҳои геология ҳатмӣ буда, дар заминаи он ҷалби ҷавонони боистеъдод ба навиштани рисолаҳои илмӣ ба роҳ...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ
МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН
ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Устодон, кормандон ва
донишҷӯёни азиз!
27-умин
солгарди қабули Қонуни асосии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро
барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Имсол барои ҷомеаи соҳибистиқлоли
мо, хусусан, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли
таърихист. Зеро дар ин...
Имрӯз (04.11.2021) бахшида
ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди
фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ташаббуси
Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи
байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи муодилаҳои дифференсиалӣ дар
ҳалли масъалаҳои амалӣ» доир гардид.
Дар оғоз нахуст муовини
ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М., оид ба...
Дар заминаи иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Нақшаи кории шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 03.11.2021 маҷлиси тарбиявӣ бо донишҷӯёни курси 1-уми факултети химия баргузор гардид. Мақсад аз баргузории маҷлиси мазкур пеш аз ҳама ба баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои донишҷӯӣ, риояи фарҳанги...
Имрӯз (03.11.2021) тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҷиҳати татбиқ ва иҷрои бандҳои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» вохӯрии устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ доир гардид.
Дар доираи амалишавии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) истифодаи самараноки озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии факултет ва таҷдиди назар намудани шароити корӣ дар онҳо муҳим ва саривақтӣ мебошад. Вақти он расидааст, ки дар доираи ин ибтикороти Пешвои муаззами миллат табодули устодону донишҷӯёнро ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ...
https://www.youtube.com/watch?v=Y4tBhbUhACI
Боиси
хушнудист, ки имрӯзҳо барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам
овардани имкониятҳои замонавии таълим, инчунин, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои
пайваставу беназири давлату Ҳукумат дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи
ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои
бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти...
Дар вохӯрии навбатии ректори
ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети биология як
зумра масъалаҳои гуногуни самти илму таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ректори донишгоҳ таъкид
намуд, ки дар заминаи ихтисосҳои факултети биология бо забони англисӣ гурӯҳҳо
ташкил карда шавад. Зеро вақти он расидааст, ки мутахассисон аз рӯйи равияи
биология бо забони англисӣ омода шавад. Ҳамзамон, гуфта...