Дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиши масъалаҳои фалсафӣ муҳим аст. Агар ба соҳаи таърихи фалсафа нигарем, дар ин соҳа дастовардҳо зиёд аст, вале самтҳои дигари соҳаи фалсафа беҳбудӣ мехоҳад. Тавре гуфтем, ҷомеа дар инкишоф аст ва манбаи инкишофи ҷомеа дар чӣ бошад, бояд файласуфон муайян кунанд. Вақти он расидааст, ки Ҷамъияти файласуфони Тоҷикистонро ташкил намуд ва дар самти таълимоти...
Ба ташаббуси кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ дар мавзӯи «Дипломатияи об ва омилҳои фарогири он дар бозтоби ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид. Дар ифтитоҳи конференсия, ки рӯзи 25.11.2019 доир гардид, роҷеъ ба мавзӯъҳои «Баҳсҳои обии кишварҳои Осиёи Марказӣ», «Мушкилоти оби тоза ва инъикоси он дар телевизион», «Таҷассуми бунёдгарони Кохи нур дар...
Бо ибтикори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа дар мавзӯи «Саҳми файласуфони муосири тоҷик дар рушди фалсафаи тоҷик» мизи гирди умумидонишгоҳии илмию амалӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори раёсати илм ва навоварии техникии ДМТ Р.Наботӣ оғоз ёфт. Дар нишаст олимону муҳаққиқони риштаи фалсафа оид ба масъалаҳои гуногуни фалсафа суханронӣ намуда, саҳми файласуфи шинохта, устод...
Дар асоси «Оиннома»-и Донишгоҳи миллӣ ҳамасола дар факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва Институти илмию таҳқиқотӣ муҳокимаи ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва аттестатсияи умумидонишгоҳии аспирантону унвонҷӯён ба роҳ монда мешавад. Дар робита ба ин, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз 07.11.2019 то 22.11.2019 ҷаласаҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷаласаҳое, ки то санаи...
Санаи 4-уми ноябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия сафари расмӣ анҷом доданд. Дар ин сафар Пешвои миллатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва...
Дар факултети баҳисобгирию иқтисодии донишгоҳ дар мавзӯи «Таъминоти баҳисобгирӣ-таҳлилии ҷараёнҳои идоракунӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети мазкур, дотсент М.Калемуллоев ва сардори шуъбаи охбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт.
Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷаласаи васеи ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А.Р. баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон А. Саймуддинов доир ба фаъолияти Шӯро дар солҳои 2017 – 2019 гузориш дода, дастовардҳои аъзоёни Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистонро дар ин давра...
Имрӯз (30.10.2019) дар Донишгоҳи миллӣ бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-умин солгарди фаъолияти пурсамари факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми ҳуқуқии миллӣ: заминаҳои рушд ва дурнамои илми ҳуқуқшиносӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Бо ташаббуси бахши тарбияи донишгоҳ ҷиҳати татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва амалишавии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» вохӯрии донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаҳои варзишу тандурустӣ гузаронида шуд.
Дар нишаст меҳмонон роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни стратегиҳои...
Рӯзҳои 24-26-уми октябри солӣ ҷорӣ дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми VI донишҷӯёни Осиё «Тоҷикистон-Осиё-2019» баргузор гардид. Тибқи маълумоти масъулони ин чорабинӣ намояндагони 52 донишгоҳу донишкада ва сохторҳои илмию таълимӣ (донишҷӯён, магистрон ва докторантони P.hD) аз ҳафт давлат, аз қабили Русия, Чин, Қазоқистон, Қирѓизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд, ки шумораашон ба 78 нафар...