• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 110
Истиқлолияти давлатӣ - арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарвати халқи шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамчун воқеаи фараҳбахши таърихӣ ва ҳодисаи муҳиму сарнавиштсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуд. Акнун мебоист, ки кишвари тоза ба истиқлол расидаи мо барои мустақилона ба роҳ мондани сиёсати дохилӣ оид ба ҳалли...
Имрӯз (10.11.2022) бо ибтикор ва ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон, магистрантону донишҷӯён дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳёи давлату ҳуқуқи миллии тоҷикон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии...
Аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Ба ёд овардани ин санаи муҳимми таърихӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризояти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад имрӯз (10.11.2022) дар...
Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз се даҳсолааст, ки бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи Истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландиву шарофатмандӣ ва шоистагӣ қадам мезанад. Таърихи кунунии тоҷикон аз ҳар самте, ки ба он нигарем ва аз пойгоҳи ҳар масъалае, ки ба таҳти он руҷуъ намоем, бо касби беш аз се даҳсолаи...
Андешаи сарварию роҳбарӣ дар таърихи афкори ҷамъиятии мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон, решаҳои хеле амиқ дорад. Ҳанӯз аз қадимулайём ин мардуми тамаддунсоз аввалин абардавлатҳои ҷаҳонро таъсис додаанд. Аввалин андешаву тасаввуроти ормонии мардуми ориёинажод дар бораи шоҳи одилу додгустар дар «Авесто» – китоби муқаддаси дини зардуштӣ (ба қавли Гёте «дини меҳнатварзӣ ва танзими...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, муҳасилини он на танҳо дар самти илму таълим, инчунин, дар самти соҳаи варзиш низ ба дастовардҳои назаррас шарафёб гаштаанд. Имрӯз (10.11.2022) бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ташаббуси бахши ҷавонони донишгоҳ паҳлавони маъруфи тоҷик, ғолиби мусобиқаи «Baku Grand...
Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол пур аз таҳаввуллот ва саҳифаҳои рангине аст, ки инъикосгари як марҳалаи ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ мебошад. Бахти миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол ормони даст ёфтан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр омад карду ба ин мақсади олии хеш расид. Бо имзои созишномаи “Беловежск” (8.12.1991) давлати Шуравӣ барҳам хӯрда, кишварҳои иттифоқӣ ба истиқлоли давлатӣ...
Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 27-конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Мутаҳид оид ба тағйирёбии иқлим. Ҳаёти тамоми сокинони Замин бевосита аз ҳолати иқлим вобаста аст. Тағйирёбии иқлим таҳдиди бузургтарин ба организмҳои зинда, аз ҷумала одамон мебошад, ки инсоният ба он рӯ...
Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 6 ноябр дар доираи иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср оғози ҳамкориҳои судманди байни Тоҷикистон ва як қатор кишварҳо дар доираи беҳтар гардонидани вазъи экологии курраи Замин...
Дар ҷаҳони муттамаддин, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналналхалқӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои ҷаҳон баҳри дарёфти роҳи ҳалли масоили дорои хислати глобалӣ дошта, баръало ба назар мерасад. Дар рафти ин фаъолияти босамар, ҷалби амалҳои созандаи давлатҳои аъзо, таваҷҷуҳ ба ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои глобалӣ пайваста зоҳир мегардад. Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли...

Эълонҳо