• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 135
Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста дар самти таҷрибаомӯзии мутахассисон чораҳои зарурӣ андешида, миёни муассисаҳои таълимию ташкилотҳои ҷамъиятӣ созишномаи нави ҳамкориро ба имзо мерасонад. Дар доираи чунин созишнома барои ҷалби мутахассисон ба ҷойи кор ва таҷрибаомӯзии онҳо вохӯриҳои судмандро ташкил карда менамояд. Чанде қабл чунин вохӯрӣ бо намояндагони ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ доир гардид. Имрӯз (28.10.2021) роҳбарияти ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ректори...
Имрӯз (27.10.2021) Хушвахтзода Қ.Х., ректори ДМТ бо ректори Донишгоҳи федералии Урал ба номи аввалин Президенти Русия Б.Н. Елсин Кокшаров В.А. вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо Донишгоҳи федералии Урал баррасӣ гардид. Дар мулоқот Хушвахтзода Қ.Х. меҳмони олиқадрро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, вазъи кунунии таълиму...
Дирӯз (26.10.2021) дар шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ба таври тантанавӣ баргузор гардид. Дар маросими мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат намуданд. Дар маросим ғолибони озмун бо ҷоми ғолиб, мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои...
“Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр намуда, зина ба зина даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабул намудааст. Дар заминаи чунин санадҳо, «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021, №187)...
Имрӯз (27.10.2021) бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами илмҳои ҷомеашиносӣ дар замони муосир» бо иштироки меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар конференсияи илмӣ–назариявии байналмилалӣ баргузор гардид. Қабл аз конференсия меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон - Шермуҳамедова Н.А. - профессори кафедраи фалсафа ва маънавиёти Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи М....
Ҷаҳони имрӯза пур аз тазод ва ниҳоят мураккаб аст. Бояд хуб омӯхту дар майдони мураккаб мубориза бурд. Танҳо донишҳои замонавӣ ва таҷрибаи пешрафта метавонад муаррифгар ва пояндасози дастоварҳои самтҳои мухталифи кишвар гардад. Ин нукта зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ ироа гардид. Дар ҷараёни...
22.10.2021. Ҳадаф аз ташрифи директори Институти таълими байналмилалии “АССИСТ” (aSSIST)-и Ҷумҳурии Корея, профессор Санг Ҷун Лӣ ва намояндагони Ассотсиатсияи муҳандисони касбии Корея Ҷебок Сим ва Суг Ён Юн ба Донишгоҳи миллӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию омӯзишӣ буд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни мулоқот бо меҳмонон дар робита ба самтҳои...
Дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи тоҷик масъалаҳои мубрами фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки корбарии садорати факултети филологияи тоҷики донишгоҳ намунаи ибрат буда, нуқсонҳо дар самти фаъолияти кафедраҳо дида мешавад. «Садорати факултет дар самтҳои илму таълим, тарбияву хоҷагӣ корро дуруст ба роҳ...
Дар ҷаласаи навбатии тарбиявӣ, ки имрӯз (20.10.2021) бо донишҷӯёни курси якуми факултети муносибатҳои байналхалқӣ доир гардид, масъалаҳои муҳимми самти тарбияи донишҷӯён, аз ҷумла тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллии донишҷӯён, баланд бардоштани идеологияи солими донишҷӯён, саҳми донишҷӯён дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, иҷрои бечунучарои қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ, иштироки фаъоли онҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, риоя кардани фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, худдорӣ...
Бо чунин унвон имрӯз (20.10.2021) бо ташаббуси Институти илмӣ-таҳқиқотӣ ва факултети химияи Донишгоҳи миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони сохторҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид. Дар оғоз меҳмонон бо роҳбаладии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва декани факултет, дотсент Файзуллозода Э.Ф. аз ҷараёни корҳои Озмоишгоҳи илмии “Тавлиф ва озмоиши пайвастаҳои координатсионӣ”-и Институти илмӣ- таҳқиқотии донишгоҳ,...

Эълонҳо