• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 144
Имрӯз (08.02.2022) дар доираи ҳамкориҳо ва 30-юмин солгарди барқарор гардидани равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақии Собирӣ ба Донишгоҳи миллӣ ташриф овард. Нахуст меҳмони олиқадр бо ҳамроҳии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз “Ганҷина”-и ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, ки дар он нодиртарин...
Имрӯз (07.02.2022) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони ДМТ дастовардҳои толибилмони Литсейи донишгоҳ муаррифӣ шуд. Гуфта шуд, ки гурӯҳе аз хонандагони Литсейи ДМТ дар олимпиадаи байналмилалии «Глобус», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамзамон, 3 нафар хонандаи синфи 8-уми литсей дар озмуни гирандагони стипендияи Президентӣ барои соли таҳсили 2021-2022 ғолиб омада,...
Ҳадаф аз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти илму фарҳанг буд, ки имрӯз (04.02.2022) дар бинои марказии Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт. Ректори донишгоҳ меҳмони олиқадрро бо вазъи илму таълим дар донишгоҳ ва неруи илмии он муфассал ошно намуда, афзуд, ки донишгоҳ бо...
Имрӯз (01.02.2022) дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи ДМТ бо иштироки меҳмонон ҷамъомад дар робита ба фаъолияти Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 дар назди Донишгоҳи миллӣ доир гардид. Таъкид гардид, ки Шӯрои мазкур баъд аз омӯзиш ва масъалагузориҳо ба фаъолият шуруъ намуд. Аъзои Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии филологӣ,...
Имрӯз (31.01.2022) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 40 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар оғоз намояндаи сомонаи «PRESSА.tj» Усмон Раҳимзода ҷоизаи «Ректори сол», ки тариқи сомонаи мазкур дар соли гузашта озмун эълон гардида буд,...
Дар ҷаҳони пуртаззод ва тағйирёбанда муаррифии фарҳангу тамаддун, иқтисоду сиёсат, таҳкими ҷараёнҳои илмиву технологӣ ва ифшои ҳақақатҳои пинҳони ҳаёт бевосита нақши ВАО беш аз ҳар вақти дигар муҳимму таъсирбахш ба назар мерасад. Маҳз бо таҳким ёфтани сиёсати иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии наве дар арсаи иттилоърасонӣ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқбунёди...
Донишгоҳи миллӣ ҷиҳати хуб ба роҳ мондани таҷрибаомўзии истеҳсолии  донишҷўёни донишгоҳ шароити хуби кориро фароҳам оварда, барои беҳтар гардонидани вазъи таҷрибаомўзии донишҷўён пайваста корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Имрўз (25.01.2022) таҳти роҳбарии сардори раёсати таълим Қосимзода С. ва мудири шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва рушди касбият Ҷ. Абдуллоев дар толори шурои методӣ вохўрии бахши таълим бо устодони кафедраҳое, ки...
 «... як сарчашмаи худшиносии миллӣ, маҳз, ошноӣ бо мероси таърихӣ аст”. Б. Ғафуров. Истиқлоли давлатӣ–ин рӯйдоди бузурги таърихист, ки ба марҳалаи ҷадиде дар таърихи миллӣ оғоз бахшид. Истиқлол соҳиби давлати миллии худ будан, худро соҳиби сарнавишту сарзамини миллати худ донистан ва аз манфиатҳои ин сарзамин содиқонаву самимона дифоъ кардан...
17 январи соли 2022 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дар доираи вохӯрӣ-семинари амалӣ барои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯнаморо таҳти унвони “Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ” манзур намуд.  Вохӯриро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, ба Муовини якуми Раиси Бонки...
17 январи соли 2022 ҳайати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид ба амал оварданд. Дар Осорхонаи Пешвои миллат экспонатҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,...

Эълонҳо