• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 173
Имрӯз (23.04.2020) бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар назди хобгоҳи №7-и донишгоҳ, ки донишҷӯдухтарон истиқомат мекунанд, Маркази таълимӣ-иттилоотӣ кушода шуд. Дар ифтитоҳи Марказ ректори донишгоҳ суханронӣ намуда, афзуд, ки «Раёсати донишгоҳ дар амалисозии сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешоҳанг буда, дар самти дастгирии духтарони болаёқат таваҷҷуҳи хосса дорад». Бояд гуфт, ки Марказ дар доираи...
Ҳамасола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳафтаи сеюми моҳи апрел конференсияи  ҷумҳуриявии  илмию  назариявии ҳайати  устодону  кормандон  ва  донишҷӯён - «Ҳафтаи илм» баргузор мешавад. Конференсияи мазкур ба санаҳои муҳимми таърихӣ  ва ибтикороти нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бахшида мешавад. Ҳамоиши имсола ба ҷашнҳои  «5500-сологии Саразми бостонӣ», «700-солагии  шоири  барҷастаи  тоҷик  Камоли Хуҷандӣ» ва «Бистсолаи  омӯзиш ва  рушди...
Дар ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ, ки санаи 20-уми апрел баргузор гардид, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастоварди устодони зерини донишгоҳро муаррифӣ намуд. Рустам Н., З. Ҷӯраева, Г. Шоҳсафарова, С. Шарофиддинов, А. Иззатуллоев ва Тахминаи Ш. Устодони мазкур бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд. Дар индомаи ҷаласа масъалаҳои фаъолияти бахшҳои гуногуни донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор...
Бо чунин ном бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба пешвози Рӯзи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ҳамасола 15 апрел ба хотири зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ дар сатҳи донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат доир мегардад. Ҳамоиш...
Ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ҷомеа бо ибтикори садорати факултети баҳисобгирию иқтисодӣ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони бахши тарбияи донишгоҳ, аз ҷумла раиси шӯрои кураторони донишгоҳ И.Ашӯров иштирок намуда, вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни пайдоиш, паҳншавӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ суханронӣ намуд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи амалигардонии Лоиҳаи “Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъгардонии имкониятҳои (кортаъминкунӣ) хатмкунандагон”(Созишномаи грантӣ №20/1-2), бо мақсади таҳия намудани модулҳо дар мавзӯи “Стандартҳо ва тавсияҳо оид ба таъмини сифати аврупои таълим” озмуни кушод эълон менамояд. Тамоми профессорон, номзадҳо, омӯзгорон, ва дигар кормандоне, ки касбияташон мувофиқ аст, метавонанд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хешро ба Шуъбаи кадрҳо (1-ум ошёна, утоқи...
Имрӯз (10.04.2020) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии Озмуни доир гардид. Дар кушодашавии озмун ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Озмуни мазкур миёни устодон, докторантон, магистрон, донишҷӯён ва...
Раёсати Донишгоҳи миллӣ дар робита ба тарғиби либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ миёни донишҷӯёну кормандон чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Бахши тарбияи донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. дар самти корҳои тарбиявӣ, хусусан ташвиқи тарғиби либоси миллӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва фарорасии фасли зебои сол – баҳор...
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ДМТ, ки санаи 31-уми март баргузор гардид, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадршиносӣ намуд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба декани факултети филологияи рус Мухаметов Ғ.Б. - шаҳодатномаи профессорӣ, ба декани факултети журналистика Исматов С. - шаҳодатномаи дотсентӣ,...
Ба таваҷҷуҳи муҳасилини донишгоҳ расонида мешавад, ки Донишгоҳи Ҳазар (Озорбойҷон) дар доираи ҳамкориҳои тарафайн бо ДМТ озмуни дарёфти бурсияҳоро барои донишҷўёни зинаҳои бакалавр ва хатмкунандагон барои солҳои хониши 2020 – 2021 эълон менамояд. Барои ширкат дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: ДархостАриза барои стипендияАттестат (бакалавр) ва диплом (магистр)ТранскриптАсоснокии сафарРезюмеМаълумотномаи тиббӣНусхаи шиносномаи хориҷӣСертификати забондонӣ (доштани сертификати TOEFL...

Эълонҳо