• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 176
Истиқлолият мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию илмӣ ба даст оварда шавад.
Санаи 3-юми май дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина (шаҳри Харков)  барои омӯзгорони факултети фарматсевтии донишгоҳ курси такмили ихтисос тариқи маҷозӣ (онлайн) гузаронида шуд. Дар он декани факултети фарматсевтӣ, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мусозода С.М. ва устодони факултети мазкур иштирок намуданд. Дар курси такмили ихтисос мудири кафедраи молшиносии Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина, доктори...
Аз 20-ум то 23-юми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов Анҷумани байналмилалии олимони ҷавон баргузор гардид. Дар кори анҷуман беш аз 100 нафар ҷавонон аз давлатҳои гуногун, аз ҷумла аз кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Миср, Қазоқистон, Чин, Молдова, Нигерия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Украина, Шри-Ланка ва ғ. ҳам...
Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо ва олитарин арзишҳо ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра самтҳои гуногуни илмии ҷумҳурӣ рушд карда истодааст. Ба хусус самти илмҳои табиатшиносӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соҳаи геология яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвари азизамон маҳсуб мешавад. Дар тайёр кардани мутахасисони соҳаи геология саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хеле назаррас аст. Факултети геология яке аз факултетҳои донишгоҳ ба ҳисоб...
Имрӯз (01.06.2021) дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд.  Ҳамасола бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷавонони донишманду боистеъдод миёни донишҷӯёни макотиби олӣ ва касбии кишвар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Имсол бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз!" дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд...
Имрӯз (01.06.2021) бо мақсади рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ намояндагони ҶСП “Спитамен Бонк” (У.С.Ҳикматов) ба донишгоҳ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти дастгирии донишҷӯён ва баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо табодули афкор намуда, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои таҷрибаомӯзиро муҳим арзёбӣ намуданд. Дар мулоқот аз ҷониби ҶСП “Спитамен Бонк” ба роҳбарияти донишгоҳ барномаи...
 Решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буданд. Тоҷикистон бар асари умумияти таърихӣ анъанаҳои фарҳангӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша хоҳони густаришу таҳкими робитаҳо бо ҳамсоядавлати Ӯзбекистон буд. Садсолаҳои охир халқҳои тоҷику узбек дар ҳавзаҳои ягонаи сиёсӣ, ҷуғрофиву фарҳангӣ умр ба сар мебурданд ва ин...
Ҳамасола якшанбеи охири моҳи май ҳамчун Рӯзи кимиёгарон таҷлил карда мешавад. Имрӯз (29.05.2021) ба ин муносибат бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар факултети химия ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки меҳмонону устодон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дар ҳамоиш устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии директори иҷроияи филиали донишгоҳ Р.Ғаниев иштирок намуданд.
Имрӯз (28.05.2021) ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Ҷавонон ва рушди маориф дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини...
Имрӯз (28. 05.2021) дар толори калони бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сессияи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ баргузор гардид. Сессияи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ ҳисобот дар бораи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозро дар давраи аз моҳи майи соли...

Эълонҳо