• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 29
Имрӯз (07.12.2023) дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи тантанавии донишкадаҳои Конфутсий баргузор гардид, ки дар зимн ба зумрае аз намояндагону роҳбарони донишкадаҳои Конфутсий барои фаъолияти пурсамар шаҳодатномаҳо дода шуд. Дар ин ҳамоиши сатиҳи байналмилалӣ намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ фаъолияти зумрае аз донишкадаҳо,...
Дар сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф мавқеи аввалиндараҷа дорад. Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин равобити илмию таълимӣ ва байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Чин хуб ба роҳ монда шудааст ва дар ҳоли рушд қарор доранд. Баргузории ҳамоишу нишастҳои илмӣ...
Бо чунин унвон имрӯз (7.12.2023) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 7-уми декабр таҷлил мегардад доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт....
Ҳукумати кишвар бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имкон дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва бо ибтикороти созандаашонро доимо дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд Эмомалӣ Раҳмон Имрӯз (7.12.2023)...
Имрӯз (06.12.2023) намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқот бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Вуманҷон Айлӣ аз донишгоҳи мазкур боздид намуданд. Зимни боздид масъулин ба намояндагони ДМТ иттилоъ доданд, ки Донишгоҳи омӯзгории Синзян яке аз муассисаҳои пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад....
Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқот бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Вуманҷон Айлӣ бо толибилмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи омӯзгории Синзян таҳсил доранд, мулоқот намуд. Дар мулоқот ректори донишгоҳ ҷиҳати хуб таҳсил намудани ҷавонон ва бо интизоми намунавию хониши аъло...
Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин равобити илмию таълимӣ ва байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Чин хуб ба роҳ монда шудааст. Баргузории ҳамоишу нишастҳои илмӣ аз ҷумлаи онҳост, ки дар сатҳи гуногун роҳандозӣ мешаванд. Дар доираи ин ҳамкориҳо Конференсия байналмилалии забони чинӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба нақша гирифта шуд, ки зимни он...
(Дар ҳошияи баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, 05.12.2023, шаҳри Душанбе) Пешрафти ҳар кадом ҷомеаро инсонҳои дорои ғановати маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ таъмин менамоянд. Иқтидори зеҳнӣ, яъне интеллектуалӣ ва маънавию ахлоқӣ қаноте ҳастанд, ки ҷомеаро зина ба зина ва марҳила ба марҳила пеш мебаранд. Эмомалӣ Раҳмон
Моҳи сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази тадқиқоти илмии «Scientific academy- development & Science & Education» дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон байни муҳаққиқони ҷавони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмуни «Тадқиқотчии фаъол: низоми муосири таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар соҳаи маориф» баргузор гардид.
Имрӯз (04.12.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва ғалабаи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти унвони ““Тоҷикон” – шиносномаи миллат” ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш меҳмонон аз сохторҳои илмию фарҳангии ҷумҳурӣ, аз ҷумала намояндагони АМИТ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ,...

Эълонҳо