• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 39
Бо унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ» дар пояи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат Шарифов Ҷ. ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ зимни сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки иқтисод яке аз пояҳои Истиқлоли...
Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров доир мегардад, соҳиб 5 ҷойи ифтиҳорӣ (1 ҷойи 1-ум, 1 ҷойи 2-юм ва 3 ҷойи 3-юм) гардида, бо ифтихонома ва туҳфаҳои моливу хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Қобили қайд аст, ки...
Имрӯз дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе даври шаҳрии ду озмуни ҷумҳуриявӣ - «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ва ««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» ҷамъбаст гардида, ғолибон аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Бояд гуфт, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии...
Дар доираи силсилавохӯриҳои роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи донишгоҳ бо мақсади дуруст татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ,” ки аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шудааст, вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ бо бахши муҳосибот...
Мақсад аз вохӯрии маҷозии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Донишгоҳи Потомакаи ИМА - Сергей Андроников, Андреа Кемп-Кертис ва Розанна Депинто таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба буд. Табодули муҳаққиқону донишҷӯён дар самтҳои гуногун, омӯзиши забони англисӣ, ташкили ҳамоишҳои маҷозӣ-байналмилалӣ, ба роҳ мондани таҳсилоти 2+2 ва гузаронидани олимпиадаҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳои вохӯрии...
Имрӯз (12.10.2023) дар доираи силсилавохӯриҳои ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрии навбатӣ бо коллективи устодони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони кафедраҳои умумидонишгоҳии фалсафа, забони англисӣ, тарбияи ҷисмонӣ, педагогика, назарияи иқтисодӣ, забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ масъалаҳои гуногуни фаъолияти кафедраҳоро мавриди таҳлил қарор дод.
Дар партави дастуру супоришҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ омӯзиши забони англисӣ аз синфи 1-ум ба роҳ монда шудааст. Имрӯз Раиси шурои кураторони донишгоҳ Илҳом Ашуров, ки ҳамчун сарпараст дар литсей муаззаф гаштааст, бо хонандагони мазкур...
Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати навбатии ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети таърих доир гардид. Ректори...
Имрӯз роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ таваҷҷуҳи зиёд намуда, пайваста тадбирҳои тозаеро рӯйи даст мегиранд. Тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷиҳати назорати самтҳои гуногуни фаъолияти Литсей масъулини донишгоҳ вазифадор гаштаанд, ки суҳбату вохӯриҳоро бо толибилмон ва масъулини литсей ташкил намоянд. Раиси шурои кураторони донишгоҳ Илҳом Ашуров дар ин самт...
Ва ё таъсиси гурӯҳи академӣ таҳсилаш бо забони англисӣ ва ташкили Шурои диссертатсионӣ дар саҳаи тиб талаботи замон аст… Таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи тиб зиёд аст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҷавонон барои интихоби омӯзиши соҳаи тиб завқи бештар доранд. Факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи макони омода намудани чунин мутахассисон мебошад.

Эълонҳо