• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 58
Имрӯз (06.05.2023) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизбони чорабинии сатҳи байналмилалӣ буд, ки дар он намояндагони сатҳи воломақоми Иттиҳоди Аврупо иштирок намуда, самтҳои муҳимтарини ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар пояи донишгоҳ бо иштироки намояндагони дипломатии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинӣ зумрае...
Дар самти омӯзиши забони туркӣ-тоҷикӣ ва баракс, инчунин, табодули устодону донишҷӯён ба муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Туркия ҳамкориҳо тақвият меёбанд. Ин масъала дар вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аджар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар зимн тарафҳо роҷеъ ба бастани...
Имрӯз (05.05.2023) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба ҳафтаи забони фаронсавӣ «Франкофония» дар ДМТ чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет Р.Шодиев оғоз ёфт. Дар чорабинӣ кордори Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эрик Любедал ва намояндагони маркази...
Имрӯз 05.05.2023 дар толори ТСО- и шаҳраки донишҷӯёни ДМТ ба ифтихори 78- умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии муҳими тарбиявӣ баргузор гардид. Воқеан ҳам ватан як ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти инсонӣ ба ҳисоб рафта, меҳру муҳаббат садоқату ҷонисорӣ дар роҳи ватандорӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шахси соҳибватан аст. 78- сол...
Ҳамасола дар шерозаи зодрӯзи шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навни форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои илмию адабии ҷумҳурӣ маҳфили «Турсунзодахонӣ» баргузор мегардад. Имрӯз (05.05.2023) 43-юмин маҳфили «Турсунзодахонӣ» дар ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ва Донишкадаи...
Имрӯз дар толори факултети фалсафаи ДМТ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Таҳқиқотҳои сотсиологӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид. Дар конфренсия олимону донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ш. Душанбе, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва...
Иқдоми неке, ки пайваста аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ амалӣ мешавад, қадршиносӣ, ҳавасмандгардонӣ ва супоридани мукофотпулӣ ба устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ аст. Ин амал дар оғози ҷаласаҳои васеи Шурои олимони донишгоҳ сурат гирифта, дастовардҳои илмию эҷодӣ ва муваффақиятҳои таълимию варзишӣ муаррифӣ мегардад. Бо иқдоми роҳбарияти донишгоҳ дар соли ҷорӣ мукофотпулиҳо...
Имрӯз бахшида ба Рӯзи ғалаба – 9-уми май бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе миёни донишҷӯёни курси якуми факултетҳои донишгоҳ мусобиқаи варзиши ҳарбӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз рӯйи машқҳои тирпаронӣ аз силоҳи пневматикӣ, вазнбардорӣ ва кор бо силоҳ иштирок намуда, дар...
Дарси навбатии хонишњои сиёсиро, ки ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, дотсент Ғуломов Тоҷиддин гузаштанд. Мавсуф бо истифода аз сарчашмаҳои таърихӣ дар...
Ҳамасола баргузор намудани Фестивали мазкур муҳаббати мардумро нисбат ба либоси миллӣ зиёдтар менамояд. Донишгоҳи миллӣ барои иштирок фаъл дар Фестивали мазкур бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардид. Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми ташкилоти...

Эълонҳо