• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 148
Имрӯз (23.12.2012) баъд аз омӯзиш ва масъалагузориҳои фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА -003 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) –и доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D050800 – баҳисобгирӣ ва аудит, 6D050900 – молия ва 6D051200-омор, ки дар назди Донишгоҳи миллӣ амал мукунад, тибқи талаботи нав ба фаъолият...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад. Бо ифтихору қаноатмандӣ...
Имрӯз (21.12.2021) дар Кохи Сомони пойтахт Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид. Тамоми сохторҳои корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи мамлакат пахши мустақими Паёмро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд. Ҳайати бисёрҳазорнафараи ДМТ...
Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Намояндагии  корпоратсияи ғайридавлатии “Ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак” (Search for Common Ground) дар Қирғизистон ва Маркази коршиносиву таҳлилии “Таҳлил”, санаи 25-уми декабри соли 2021 муаррифии Дастурамали методӣ “Оид ба гузаронидани ташхиси диншиносӣ ва экспертизаи комплексии судии равоншиносӣ ва забоншиносӣ дар Тоҷикистон” ва баргузор намудани тренинги тахассусиро оид ба он, ба нақша гирифтааст. Дастурамали...
15 декабр ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ- — 2022 ( QS World University Rankings: EECA (Emerging Europe and Central Asia)-ро нашр кард. Тибқи радабандӣ,  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар байни 450 донишгоҳи беҳтарин ҷойи 241-умро ишғол намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар шарҳи ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)»...
Имрӯз (17.12.2021) бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, инчунин, ташаббуси кафедраи филологияи араби факултети мазкур Рӯзи байналмилалии забони арабӣ, ки ҳамасола 18-уми декабр баргузор мешавад, чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сафири фавқулодда ва мухтори давлати Фаластин дар Тоҷикистон ҷаноби Луай Маҳмуд Тоҳо Исса иштирок намуд....
Аз 3-13-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифт. Дастаи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ аз рўйи номинатсияҳои гуногун иштирок намуда, соҳиби...
Дар ин дунёи гузарои пурфанду фиреб тамоми меҳру муҳаббат дар бастагӣ ба ниёзу манфиатҳо бунёд ёфтааст, танҳо падару модар муҳаббати беолоиш бар фарзанд ва дур аз ҳама гуна тамаъ доранд. Падару модар аз фарзанд чизе намехоҳанд, ба ҷуз хушбахтӣ дар ҳаёту номбардори оилаву миллат будан. Модар зарра-зарра умри худро сарфи тарбияи фарзандон...
Имрӯз (14.12.2021) сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон Ал-Рашидайн ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуд. Баъдан меҳмони олиқадр ҳамроҳ бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо устодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ Ректори донишгоҳ дар самти ҳамкориҳои илмию таълимии донишгоҳ бо...
Имрӯз (13.12.2021) гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои савдои одамон, алалхусус занону кудакон Шивон Маллалли ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд. Дар аввал Ректори донишгоҳ меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои...

Эълонҳо