• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 171
Имрӯз (22.06.2021) дар толори хурди Донишгоҳи миллӣ дар робита ба фаъолияти кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Н. ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М., инчунин, устодону кормандони кафедраҳои умумидонишгоҳии фалсафа, забони англисӣ, тарбияи ҷисмонӣ, педагогика, назарияи иқтисодӣ, тайёрии ҳарбӣ,...
Имрӯз (22.06.2021) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. намояндагони Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифати таълими Ҷумҳурии Эстонияро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот директори Оҷонсии мазкур Ҳелли Матисен бо намояндагони донишгоҳ дар доираи амалишавии барномаи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», имконият ва талаботи нави сифати таҳсилот дар замони муосир, беҳтар гардонидани мазмуну муҳтавои мақолаҳои илмӣ ва ҷустуҷӯйи имтиёзҳо ба донишҷӯёни донандаи...
Соате пеш дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бо садо додани Суруди миллӣ мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” оғоз ёфт. Дар ифтитоҳи мусобиқа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмонону иштирокчиёни мусобиқаро...
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии кушод оид ба шоҳмот байни устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021-ро барои дарёфти “Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” эълон менамояд. Мусобиқаи мазкур 21-уми июни соли 2021, соати 09:00 (бақайдгирӣ аз соати 8:00) дар...
Дар ҷаҳони пурталотуми имрӯз Тоҷикистон, ки бо ниёзи рӯзафзун ва тайини тадвин аз истиқлоли хеш истиқбол дорад, давлатест, ки мавҷуд аст, сиёсат дорад, майдони зиндагии хеш меҷӯяд, иқдомҳо анҷом медиҳад ва ба сӯи оянда менигарад. Истиқболи истиқлол назар ва нишонаи давлатдорӣ аст, маҳз дар ин айём мо худро мешиносем ва ҳуввияти хеш меҷӯем. Шинохт ва огоҳии миллӣ амри...
Тоҷикистон соли 2021 дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) раисӣ мекунад. Раёсати ҳозира – аз рӯи ҳисобҳо - сеюмин раёсати давлати мост, ки ба 20-умин солгарди таъсисёбии ин Созмон рост меояд ва таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ» баргузор мешавад. Ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ...
Имрӯз (16.06.2021) намояндаи Сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе (муовини роҳбари намояндагӣ) Томонори Хасегава ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон мулоқот намуд. Зимни мулоқот Мирзамонзода Х. М. меҳмонро бо вазъи имрӯзаи низоми таълим ва самту равияҳои тадқиқоти илмӣ дар донишгоҳ, инчунин, равобити ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ...
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикону ӯзбекон аз зумраи халқҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дар тамаддуни башарият нақши босазо гузошта, ҳазорсолаҳо дар бунёд, ташаккул, рушд ва талқини накӯҳамсоягӣ нақши муҳим бозидаанд. Дар Осиёи Миёна тӯли ҳазорсолаҳо халқияту миллатҳои гуногун бо ҳам зиста, муносибатҳои гуногунҷабҳаи сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангиро бо ҳам паси сар намуда, аз расму оин...
Идораи патентии Авруосиёгӣ (ИПАО) универсиадаи патентии авруосиёгиро таҳти унвони «Назар ба оянда» бахшида ба 25-солагии ташкидоти патентии Авруосиёгӣ эъдон дошта буд. Санаи 11-уми июни соли ҷорӣ дар Маркази миллии патент ва иттилоот ғолибони универсиадаи патентии авруосиёгӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ шуданд. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Беҳзод Обидов ва Иноятзода Гулафзо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ...
(Дар мисоли факултети химияи ДМТ) Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва илмиву фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи вижа намуда, барои рушди ҳаёти илмиву маърифатии мардум пешниҳодҳои судманд намудаанд. Дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ бо ибтикороти роҳбарияти олии мамлакат тамоми соҳаҳои илми ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил...

Эълонҳо