• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 116
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Одамони Хушбахт” ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иқдом гирифтааст, ки ҷиҳати ба кор таъмин кардани хатмкунандагон чорабинии калони муштарак - “Фестивали касбу кор” ташкил ва баргузор намояд. Мақсади фестивал – ташкили вохури намояндагони соҳаҳои гуногуни корфармоён бо мутахассисони ҷавон ва соҳибистеъдод, ки дар ҷустуҷуи кор қарор доранд.
Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём”-и шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳавасманд  гардонида шуданд.          Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи...
Имрӯз (14.10.2022) ба хотири бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори факултети филологияи донишгоҳ ҳамоиши адабиву фарҳангии бошукуҳ таҳти унвони «Шукуҳи «Шоҳнома» ва азамати Фирдавсӣ» бо иштироки сафири фавқулода ва намояндаи томулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ баргузор шуд. Маҳфилро декани факултети филологияи ДМТ С.Эмомалӣ ифтитоҳ бахшида, доир...
Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус” баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей...
Тавре иттилоъ додем, имрӯз (11.10.2022) дар пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Беларус баргузор шуд. Иштирокчиёни Форум масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд. Дар доираи Форум ҳамчунин намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Беларус бо номи “Made in Belarus” баргузор шуд.Пас аз анҷоми Форум як қатор созишномаву қарордодҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии ҷумҳуриҳои...
(Аз баргузории Форуми соҳибкорӣ то имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ)  Имрӯз дар заминаи ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус доир гардид. Дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбарияти сохторҳои дипломатӣ ва масъулини самтҳои саноату соҳибкорӣ иштирок доштанд. Зимни баргузории Форум ҷонибҳо доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар рушди...
Бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ ба иттилои устодону, кормандон ва муҳасилини донишгоҳ мерасонад, ки дар суроғаҳои электронии дар зер ишорашуда, имкониятҳои васеъ вобаста ба омузиши забони англисӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамаи курсҳои ишорашуда аз ҷониби донишгоҳҳои пешсафи ҷаҳон ташкил ва баргузор карда мешаванд.  Аз имкониятҳо истифода намуда, сатҳи забондонии худро сайқал диҳед!
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси кишвар саҳми назаррас дорад.Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштани тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ талаботи замони муосир мебошад. Тавре Пешвои миллат зимни...
Имрӯз (06.10.2022) дар заминаи кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Рушди фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори конференсия олимони соҳа, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аспирантону унвонҷӯён, ҳамзамон, сардори  раёсати...
Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Боиси хушнудист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ...

Эълонҳо