• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 170
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Дар таърих рӯйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки онҳо бо гузашти солҳо миёни мардум аҳамият ва мақому манзалати вижаро касб мекунанд. Агар ба таърихи гузаштаи миллати куҳанбунёди тоҷик назар афканем, шоҳиди чунин воқеаҳо мешавем, ки...
Имрӯз (26.06.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд. Дар қисми аввали чорабинӣ маърӯзаҳои ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. «Ормоне, ки ба воқеият табдил шудааст», мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форси тоҷикии факултети филология, дотсент Зайниддинзода М. «Ваҳдати миллӣ...
Имрӯз (25.06.2021) дар толори хурди Донишгоҳи миллӣ мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” доир гардида буд, ҷамъбаст гардид. Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирокчиёни мусобиқаи мазкурро самимона табрик...
Ваҳдат ва амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон, новобаста ба давраҳои таърихӣ, ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми заҳматкашу хирадманд, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Ин падидаи беназиру муқаддаси даврони Истиқлолият, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти...
Ваҳдати миллӣ, моҳият ва арзиши он барои мо – тоҷикон қутбнамое аст, ки дар заминаи он мо ба марҳилаҳои нави барқарорсозӣ, пешрафту тараққиёт ва ободонии Ватани азизамон рӯ меоварем. Мо, халқи тоҷик, ки ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мекунем, нақши ин санаи фархундаи таърихӣ дар мустаҳкам шудани пояҳои...
Имрӯз (24.06.2021) дар толори Шӯрои олимони ДМТ ректори донишгоҳ, сармуҳаррири силсиламаҷаллаҳои илмии донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Паёми ДМТ. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ» ва кормандони Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи донишгоҳ ҷаласа баргузор намуд. Дар ҷаласа ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. бори дигар фаъолияти илмиро аз самтҳои афзалиятноки касбии устодону муҳаққиқони донишгоҳ арзёбӣ намуда, иброз дошт,...
Дар фаҳми умум, мо ҳама ҳодисоти гузаштаро ба таърих нисбат медиҳем. Ба иттифоқи назари олимони ин соҳа, таърих маҷмӯи муносиботу ҳодисот ва таҳаввулоти олами ашё дар сатҳи иҷтимоъ аст. Муҳаррикони таърих аз рӯи ин тасаввур оммаи васеи мардум ва ҷомеаҳост, аммо мундариҷаи онро корномаҳо ва хираду заковати шахсиятҳои бузург фароҳам меоранд. Чизи дигаре, ки пайваста бо таърих тағйиру такмил мешавад,...
Имрӯз (23.06.2021) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Маркази байналмилалии илмию методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия (МУМЦФМ РФ) суҳбати маҷозӣ (онлайнӣ) намуд. Дар суҳбати маҷозӣ декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ, дотсент Калемуллоев М.В., мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия, профессор Сафарзода А.И., мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети...
Имрўзҳо дар Донишгоҳи миллӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” мегузарад. Дар мусобиқаи мазкур устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок доранд. 23-юми июн бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ иштирокчиёни мусобиқа-устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз...
ГУЗОРИШ АЗ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Имрӯз (23.06.2021) бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ дар донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид. Конференсияи мазкур ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти...

Эълонҳо